logo

фарҳанг

БОЯД ҲАМА ЁРУ БАРОДАР БОШЕМ!

Он замон, ки садои тир ҳамаи садоҳоро хомӯш мекард ва ҳеҷ суханеро гӯшу андешаву зеҳн намепазируфт, ӯ, Сарвари тозаинтихобгардидаи давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт: «Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем». Ин сухан роҳҳои бас садоҳоро баст ва бо ҳамон  нармию самимияташ дар дилҳо нишаст, андешаҳову зеҳнҳоро ба таҳрик овард ва чашмҳои хирадро кушод. Мардум дар симои пур аз нураш ёру бародари худро диданд, балки ёфтанд; як ёру бародареро, ки вуҷудашро барои наҷоти онҳо сипар месозад, барои аз вартаи маргу нестӣ раҳондани давлату миллат ҳастияшро дареғ намедорад. Аз нигоҳаш, ҷасораташ, бовараш бас ҳақиқатҳои дигарро хонданд, ки ҳидоятгар ба сулҳу амонӣ ва хуррамии зиндагонӣ ва ободию шукуфоӣ буданд. Аз ин рӯ, дасти дуо ба сӯи Худои яктову ягона боло карданду таманно намуданд, ки ба бахти мо фирӯзаш бигардонад.
Кӣ ба ҷуз ӯ дар он рӯзгори фоҷиабор ин бори вазнини масъулияти бузургро бар дӯш мегирифт?
Кӣ ба ҷуз ӯ бо ҳидояти Офаридгори тавоно ба ояндаи дурахшони ин миллату давлат бовар дошт ва тухми бахту саодатро дар заминҳо кошту зуд ҳосил бардошт?
Кӣ ба ҷуз ӯ башорати сулҳро бо итминони комил дод?
Дар он замон, ки ёр аз ёр ва бародар аз бародар мегурехт ва ҳам онро мекушт, ӯро – Эмомалӣ Раҳмонро ёру бародари асилу ҳақиқии худ хонданд. Оре, чун мардумро, миллатро ба ёриву бародарӣ хонд. Савгандаш дар ин ҳол савганди ростину пур аз ҳикмату маърифат буд. Ҳар киро ақли солим буд, зуд дарёфт, ки Худованд ӯро барои наҷоти ин миллату давлат фиристодааст. Ин ҳақиқат дар он даврон, ки осмонро абрҳои сиёҳи ҷанг пӯшонда буд, чун оби поку соф рӯшан буд. Наметавонист андак шубҳаро тавлид бикунад. Суханаш, ҳидояташ ба захмҳои дил, ки бар асари ҷанг пайдо шуда буданд, малҳам гардиданд.
Ба яқин, бештар аз як ёр, бештар аз як бародар ба ӯ дил бастанду бовар намуданд.
Ӯ бештару бештар аз ҳама  барои ёрону бародарон меандешид, ғам мехӯрд ва барои раҳоияшон аз вартаи ҷанг, ҳасад, кина, хусумат саъй ба харҷ медод. Ҳамчунон ки гуфт, бо ҳама дониш, таҷриба, неру бо ҷанг ҷангид. Ва ҳам гуфт, ки дар ин роҳ ҳастияшро низ дареғ намедорад. Ва дареғ намедошт. Бад – ин хотир ва бар асари дуои неки мардум Худованд ҳастияшро нигоҳ дошт ва ҳам ҳастии дигараш бахшид.
Имрӯз, пас аз биступанҷ сол бар он гузаштаи фоҷиабор ба дидаи ибрат менигарем ва накутар дармеёбем, ки ӯ чун сарвару раҳнамо моро ба манзили мақсуд расонд. Менигарем ва неку дармеёбем, ки дар ин муддат чун ёру бародари асил  боқӣ монд. Мо ёриву бародариро дар пиндору гуфтору кирдори ӯ бо ҳама ҳикматҳои бузургаш омӯхтем ва ин чароғро  дар дилҳо афрӯхтем. То замоне, ки ҳастему ҳастанд, он ҳеҷ гоҳ, ҳатто барои лаҳзае ҳам хомӯш намешавад.
Ӯ гӯристони ғарибони тоҷикону тоҷикистониёнро дар Афғонистон диду бо ашку дилсӯзӣ изҳор дошт, ки чашми дилро бикушоему аз оқибати бадтари он бояд биандешем.
Ба гурезагону ғарибони он сӯи дарё чун ёру бародар хитоб намуд, ки бар диёри аҷдоди худ, бар Ватан баргарданд. Самимӣ гуфт ва боварибахш. Гуфт, ки баргардед, биҳиштатон ваъда намекунам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем. Ӯ медонист, ки бо ёр, бо бародар чӣ гуна сухан мегӯянд.
Ҳамеша аз ёриву бародарӣ сухан мегӯяд, бо муҳаббат, бо садоқат ва ояндаи дурро дар ин маврид ба мо нишон медиҳад. Таъкид мекард, ки бо ҳам бошем, сарҷамъ бошем ва ба қадри ҳамдигар, ин сарзамини аҷдодӣ, Ватан, сулҳ, ваҳдат, истиқлол ва тамоми неъматҳо бирасем.
Ӯ чун Сарвари давлату миллат, ёру бародари асил ҳамеша, дар ҳама ҷо дуогӯ аст ва саъй ба харҷ медиҳад, ки ин ёриву бародарӣ, сулҳу ваҳдат, истиқлол барои умре пойдору устувор бошад.
Ин риштаи ёрию бародариро дигар ҳеҷ неруе гусаста наметавонад.
Ҳама дар он рӯзе, ки ӯ ҷисман бародари бузурги худро аз даст дод, ҳамдард буданд, ғамшарик буданд ва дар паҳлуяш қарор доштанд. Маргу реҳлати ин бародарро чун маргу реҳлати бародари худ донистанд. Медонистанд ва боз бештар дарёфтанд, ки ин дард дарди ҷонкоҳ аст ва дил бар асари ин пуроҳ аст. Ашк боридан дар ин лаҳзаҳо ва ҳам баъдҳо дар танҳоӣ мисоли кандани ҷон аст. Вуҷудат оташ мегирад, месӯзад ва ҳеҷ обе, ҳатто оби чашм ҳам ин оташро наметавонад, ки хомӯш бисозад.
Модараш дар он рӯзгор, ки ӯ бо ҷанг меҷангиду даъват мекард, ки «мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем», роҳ мепоид, чашм ба роҳ буд ва интизори омаданашро дошт. Аз дунё баъдҳо ба ташнагии дидори фарзанд даргузашт.
Бародараш низ мехост, ки ӯ ҳамроҳаш бошад, вале масъулиятҳои бузурги миллатсозиву давлатсозӣ бар ин ҳамеша монеъ мегардид.
Ӯ, охир, савганд хӯрда ва аз он рӯзҳои фоҷиабор моро ёру бародар хондааст.
Ӯ бар савганди худ содиқ буд ва содиқ аст.
Барои бахту саодату фирӯзии ёрону бародаронаш тамоми неруашро мебахшад. Ҳеҷ кас бар ин ҳақиқат, ки ҳам исботро хоҳон нест, шубҳа надорад. Худованд бар ӯ боз сабри ҷамилу тааммулу таҳаммул бахшид. Як рӯз кори давлатдориву миллатсозиро ба хотири дигар ёрону бародаронаш мавқуф нагузошт.
Агар мегӯем, агар мегӯянд, ки чи хушбахтем, ки чунин сарвару раҳнамои оқилу доно,  ёру бародари дилсӯз дорем, он аз рӯи муҳаббат, садоқат аст, бо самимият аст ва ифтихори бузург.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 1031

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед