logo

иқтисод

ҶАШНЕ, КИ МОРО БА ВАТАНДӮСТӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Бисту панҷ сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти барои халқу Ватани мо ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз баргузор гашта, дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва дар нахустин сухаронии худ ба мардуми парешон муждаи сулҳ доданд. 

Аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои мукаммали давлатиро тарҳрезӣ намуданд, ки асоси онҳоро бунёди ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чун стратегия ва дурнамои тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил доданд. Дар бахши раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ бузургтарин саодат, дар баробари дигар минтақаҳои мамлакат, барои сокинони вилояти Суғд насиб гардид. Зимни амалкарди ин барномаи муҳим дар кӯтоҳтарин фурсат шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Хуҷанд - Чанак, бо шумули нақбҳои «Истиқлол» ва Шаҳристон,  ҳамчун бахши муҳими Шоҳроҳи бузурги абрешим эҳё гардида, муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо тамоми манотиқи ҷанубу шарқӣ ва пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дар тамоми сол гардид.
Сокинони Хуҷандшаҳри бостонӣ аз ташаббус ва ибтикороти Пешвои сулҳовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди як қатор иншооти ҳаётан муҳим - Маҷмааи муҳташами Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолият», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, Кохи матбуот, биноҳои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, кӯдакистони президентӣ, меҳмонхонаҳо, мактаби хонандагони болаёқат, корхонаҳои истеҳсолии навбунёд бархӯрдоранд ва шукрона мекунанд, ки Хуҷанди қадим, вале ҳамешаҷавон дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат босуръат рушд мекунад.
15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Интихоби санаи 16 ноябр тасодуфӣ нест. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд. Ин ҳама арҷгузорӣ ба заҳматҳои арзанда ва шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.
Сокинони шарафманди шаҳри Хуҷанд Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз фазои солиму созанда, таҷлил намуда, гиромидошти ин санаи муборакро рамзи садоқат ба Ватани маҳбуби худ мешуморанд.
Маъруф  МУҲАММАДЗОДА,
раиси  шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2017    №: 236-237    Мутолиа карданд: 474

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин дар интихоботи президентӣ иштирок хоҳад кард

Сурия аз ҷангиёни «ДИ» пурра озод карда шуд

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд

Назарбоев татбиқи лоиҳаи «Қазоқистони рақамӣ» - ро муҳим меҳисобад

Калонтарин ҳавопаймои дубаҳра ба парвози нахустин омода аст

Олимон скелети одами 3,6 миллион - соларо барқарор карданд

05.12.2017


Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Иштироки Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалӣ

Ифтитоҳи Маркази илмиву фарҳангии Русия дар Хуҷанд

Бунёди мактаб дар Рошорв

Як нишасти муҳим

Дастаи «Хуҷанд» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон

СММ: «Дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир якбора афзуд»

Маркази нави байналмилалии «Остона» ифтитоҳ меёбад

Физикҳо барои харитаи кайҳон 3 миллион доллар мукофот мегиранд

Биткоин - шашумин арзи дунё

04.12.2017


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси вазирони корҳои хориҷӣ

Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ

Мизи мудаввар дар Маҷлиси намояндагон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои рушди маориф дар Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед