logo

иқтисод

ВАНҶ. ПЕШГИРӢ АЗ ТАЛАФЁБИИ ҲОСИЛ

Беталаф ва сари вақт ҷамъоварии ҳосили зироат яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Солҳои пешӣ кишоварзони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми рӯёндани ҳосили киштзору боғистонҳо ва захира кардани хӯроки чорво, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ, бо сабаби номусоиди боду ҳаво қисме аз самари меҳнати хешро аз даст медоданд. Даҳҳо  гектар  майдонҳои картошка, меваю сабзавот ва алафзорони хӯроки чорво  зери барфу борон мемонданд.

Содиқ Абдусамадов, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ванҷ, изҳор дошт, ки тадбирҳои андешидаи роҳбарияти ноҳия дар самти таъмини кишоварзон бо техникаю мошинолоти соҳа ба  сари вақт ҷамъоварӣ гардидани ҳосили зироатҳо низ мусоидат намуд. Заҳматкашони диёр  имсол  тавонистанд, ки ҳосили 1602 гектар  картошкаю сабзавот,  зиёда аз 820 гектар боғ ва майдони 620 гектар хӯроки чорворо  беталаф ғундоштанд. Ҳамарӯза садҳо мошини гуногунтамғаи боркаш  картошкаю сабзавот, себу нок ва анвои дигари маҳсулоти кишоварзони минтақаро ба бозори шаҳрҳои  Душанбе, Хоруғ ва Кӯлоб бароварданд.
Ҳоло  дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия маъракаи  кишт ва шудгори тирамоҳӣ хуб ҷараён дорад. Ҳамзамон бо мақсади гирифтани ҳосили фаровони соли 2018  омодагиҳо ба давраи киштукори баҳорӣ  муташаккилона ҷараён дорад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 502

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед