logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Зиндагии баъзе аз инсонҳои асил бар сари худ ҳам як навъ дарс маҳсуб мешавад. Воқеан, бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад, ки чӣ сон онҳо бо сарсупурдагӣ ва эҳсоси масъулияти бузург хидмат кардаанду барои пешрафти ҷомеа  саҳми арзанда гирифтаанд.
Ҷунайдулло Ҷаъфаров аз ин зумра аст. Ихтисосаш зоотехники олим мебошад. Пас аз хатми Донишгоҳи аграрӣ  фаъолияти меҳнатиашро соли 1970 ба ҳайси ҳисобчии фермаи чорводории колхози «Тоҷикистон» - и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) оғоз бахшид. Баъдҳо корро ҳамчун зоотехник, сарзоотехник, раиси колхоз, директори совхоз, инструктори шуъбаи ташкилии кумитаи партиявӣ, ҷойнишини аввали раиси иттиҳодияи агросаноатӣ, раиси иттиҳодияи агросаноатӣ – ҷойнишини аввали раиси кумитаи иҷроия ва ҷойнишини сардори раёсати кишоварзӣ дар ин ноҳия идома дод.
Ҳамин тавр, фаъолияти меҳнатиаш дар соҳаи бас масъулиятнок беш аз 40 солро ташкил медиҳад ва он ҳам дар як ноҳия, ноҳияи Рӯдакӣ.
Аз оғози фаъолияташ масъулон дар ӯ нафаре диданду кашф карданд, ки дониши мукаммали соҳаро дорад ва пайваста дар ҳоли омӯзиш мебошад. Инчунин, ташаббускор асту саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ медиҳад, то соҳа сол ба сол пешрафтатар бигардад.
Дастовардҳояш зиёд аст ва онҳоро сари вақт қадр кардаанд.
Дар вазифаҳо ва хоҷагиҳои гуногун  кор кардаасту собит сохтааст, ки пешрафт ба донишу таҷрибаи коргару роҳбари асил иртибот дорад. Солҳои 1974 – 1976 депутати Ҷамоати Демалик ва солҳои 1983 – 1987 депутати комиҷроияи шӯрои депутатҳои ноҳияи Рӯдакӣ (он замон Ленин) буд.
Чун донандаи хуби соҳа ба мутахассисон, омӯзандагон маслиҳатҳо ва роҳҳову усулҳои беҳтари иҷрои корро нишон медод.
Мегуфт, ки мутахассис бояд соҳаашро на танҳо бояд дар сатҳи олӣ бидонад, балки бо навтарин дастовардҳои дунё дар иртибот ба он огоҳӣ дошта бошад.
Мегуфт, ки асрори ҳама муваффақиятҳо муҳаббат ба касбу соҳа ва фаъолияти пайваставу меҳнати ҳалол аст.
Мегуфт, ки донишу таҷрибаи андӯхтаатро барои дигарон ва соҳа бедареғ бубахш. Ин гуна бахшиш одамро комилтар ва пешрафтатар месозад.
Агарчи ҳолиё давлати пирӣ меронад, аммо бо маслиҳатҳо, дастурҳо мехоҳад ҳамчунон дар тараққиёти хоҷагиҳо ва соҳа саҳми чашмрас бигирад.
Аз ин рӯ, аз маҳбубияти хосса миёни ҳамкорон, дӯстон, бархӯрдор буду ҳаст.
Абдулқодири Раҳим,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 916

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед