logo

иқтисод

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. СОҲИБКОРОН ДАР ПЕШРАФТУ ШУКУФОӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Соҳибкорони ноҳияи Темурмалик дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри ободии ин гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд.

Дар ин доира  бо маблағгузории соҳибкор Ҳабибулло Сулаймонов дар маркази шаҳраки Совет хиёбон - гулгашти замонавӣ бо насби 3 адад фаввора бунёд гардида, ба масофаи чор километр кӯчаҳои Дӯстӣ, ба номи Сайдалӣ Вализода, Ҳамза Ҳакимзода, Мирзо Турсунзода асфалтпӯш карда шуд. Инчунин, бо маблағгузории ин соҳибкор аз Ҷамоати деҳоти ба номи Сайидмумин Раҳимов то Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара, ба масофаи 21 километр, сохтмони роҳи мошингард босуръат идома дорад. Дар ҳамин мавзеъ кашидани хати оби нӯшиданӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкори инфиродӣ Ф. Муҳриддинов дар Ҷамоати деҳоти Кангурт масофаи 0,5 киллометр роҳи мошингарди байни деҳаи Оби Ширин мумфарш гардид. Гузашта аз ин, аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ, хизматрасонӣ ва корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва доруворӣ дар Ҷамоати шаҳраки Совет, меҳмонхона, корхонаи мебелбарорӣ, сохтмони бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ, ду бинои баландошёнаи марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти муҳим дар Ҷамоати деҳоти Кангурт  давом дорад.
Интизор меравад, ки ноҳияи Темурмалик бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ояндаи наздик симояшро ба куллӣ тағйир диҳад. Зеро дар ин самт аллакай натиҷаҳои дилхоҳ ба чашм мерасанд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 597

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед