logo

иқтисод

ДЕҲКАДАИ КАНОРИ ДАШТ

Тавре пештар «Ҷумҳурият» хабар дода буд, дар мавзеи Дашти Маллаи Панҷакент бо бунёди даҳ манзил ба зиёндидагони офати табиӣ дар деҳаи Амондара ба  деҳкадаи наву замонавӣ асос гузошта шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки 26 июни соли равон, соати 16 - у 30 дақиқа бар асари боришоти зиёди жолаю борон аз сойи Амондара сели даҳшатнок сарозер шуда, боиси зери селоба мондани 70 ва комилан хароб гардидани 10 манзили истиқоматӣ,  хати барқи 750 метр, 4 километр роҳ, беш аз 40 гектар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ гардид. Ҳаҷми зарар  тибқи ҳисобҳо беш аз 1,1 миллион сомониро ташкил дод.
Аз рӯзи аввали омадани сел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рафти бартараф намудани   оқибати офати табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат корҳои барқароркунӣ анҷом дода, дар ин рӯзҳои душвор дар паҳлуи мардуми зиёндида қарор дошта бошанд.
Мақомоти вилояти Суғд ба оилаҳои зиёндида ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ кумак расонд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ техникаю таҷҳизоти заруриро аз корхонаю муассисаҳои шаҳр сафарбар намуда, барои тоза кардани манзилҳои зиёндида, роҳу пулҳо ҳашар эълон кард, ки дар он ҳамарӯза садҳо нафар иштирок доштанд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳ оқибатҳои офати табиӣ бартараф гардида, хатҳои барқ, роҳу пулҳо барқарор ва  селроҳаи сойи деҳа тоза карда шуд.
Баъди санҷишу омӯзиши манзилҳои зиёндидаи сокинони деҳа тасмим гирифта шуд, ки дар мавзеи Дашти Малла барои 10 оила, ки  манзилашон бар асари офати табиӣ комилан хароб гардида буд, манзили нави истиқоматӣ  бунёд намоянд. Сохтмони манзилҳо ба уҳдаи бинокорони ҶСК  «Панҷакентсоз»   ва  ҶДММ  «СУ -3» вогузор шуда, онҳо тавонистанд дар муддати кӯтоҳ биноҳоро созанд. Чанде пеш бо ҳузури садҳо нафар ба сокинони деҳа калиди хонаҳои навро супурданд. Манзилҳои нав бо ҳама ҷиҳози рӯзгор таъмин карда шуданд.
Аз соли 2003 ин панҷумин деҳкадаи нав аст, ки дар Панҷакент барои оилаҳои аз офати табиӣ зиёндида бо дастгирии давлат ва саҳмгузории ташкилоту муассисаҳо бунёд гардидааст.
…Дар канори теппаҳои мавзеи Дашти Малла ҳоло даҳ манзили нав, ки тимсоли сиёсати  инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, рамзи ваҳдату ҳамбастагии мардум аст, назаррабоӣ мекунад. Фардо ин ҷо деҳкадаи зебое бунёд хоҳад шуд. Месазад, ки ба ин деҳкада Меҳргон ном бигзоранд, ҳам моҳи Меҳр, ҳам ҷашни миллии Меҳргон ва ҳам ифодагари меҳру садоқати мардум ба ғамхориҳои Пешвои миллат.
Т. СОЛЕҲЗОДА, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 624

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед