logo

иҷтимоиёт

АШТ. РӮ БА ОБОДӢ

Корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бомаром ҷараён дорад.

Шавкат Ёрматов, раиси деҳот, зикр намуд, ки  дар ҳамбастагӣ бо сокинон баъди ободии кӯчаю роҳравҳо роҳҳои асосии байни деҳаҳоро низ таъмир ва азнавсозӣ намудем. Корҳо дар роҳи 15 километраи ҷамоат, ки ҳанӯз солҳои 80 - уми асри гузашта сохта шудааст, ба тариқи ҳашар идома доранд. Таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳал-лии ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин, ба таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ равона шудааст. Сарфи назар аз он, ки манбаи асосии оби нӯшиданӣ ва полизии мардум аз рӯди деҳ мебошад, сокинон ба хати обгузар ниёз доранд. Бо ин мақсад ҳанӯз аз солҳои 70 - уми  замони шӯравӣ дар ҳар як  маҳаллаи деҳа дар доираи барномаҳои соҳавӣ корҳои таъминсозӣ бо об оғоз гардида буданд. Аммо онҳо амалӣ нашуданд. Мувофиқи барномаҳо  танҳо марҳилаи аввали кофтани чоҳҳои амудӣ анҷом дода шудааст, ки имсол  ҳамаи онҳо бо насби лӯла мавриди истифода қарор мегиранд. Масъалаи чароғонкунии деҳа низ дар мадди назари роҳбарияти ҷамоат қарор дошта, баъди анҷоми таъмири  роҳ он ҳалли худро меёбад. Истгоҳҳои нақлиётӣ мувофиқ ба талабот навсозӣ мешаванд.  
       Дар сурати пурра амалӣ шудани корҳои бунёдкорию созандагӣ деҳаи Ашт ба зеботарин рустои мамлакат табдил хоҳад ёфт.  Соли равон нишондиҳандаи истеҳсолот мувофиқи мақсад буда, хусусан нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта, ду маротиба зиёд иҷро гардид. Деҳқонон низ аз ҳамаи намуди зироат ҳосили фаровон рӯёнданд.
  - Барои боз ҳам равнақ додани корҳои ободонӣ мақсад гузоштем, ки озмунҳои беҳтарин кӯча, маҳалла, чойхона ва бунгоҳи тиббиро доир намоем, ки бешубҳа, дар самти корҳои минбаъдаи созандагӣ ва шукуфоӣ мусоидат хоҳад кард, - гуфт Шавкат Ёрматов.
  Хурду калони деҳот имрӯз дарк кардаанд, ки вусъати корҳои ободӣ дар деҳа аз худи бошандагони он вобаста аст.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 784

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед