logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ. ИМКОНИЯТҲО КАМ ИСТИФОДА МЕШАВАНД, ЧАРО?

Шукри беҳад, ки дар фазои сулҳу осоиш ба сар мебарем.  Марҳила  ба марҳила сатҳи зиндагии шаҳрвандон беҳтар гардида,  барои онҳо фазои озоду осуда ва имкониятҳои васеи фаъолият муҳайёст. Замин яке аз  сарватҳои  асосии  кишвар барои истифодаи  якумра ва меросӣ дар ихтиёри сокинон  қарор дорад. Онҳо дар асоси  меҳнату заҳмат  ва ақлу хиради хеш аз он даромади дилхоҳ ба даст меоранд ва дар самти рушди иқтисод саҳм мегузоранд. Ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ва кишти майдонҳои доманфарох дар ноҳияи Лахш имрӯзҳо шаҳодати гуфтаҳои болост. Чунин пешрафту шукуфоии диёр, ки мояи сарсабзию сарбаландист, бешубҳа самари ҳаёти осудаи мо мебошад.
Баробари таъмини шароити зиндагии шоиста барои аҳолии мамлакат симои шаҳру ноҳияҳои кишвар, хусусан пойтахти кишвар,  бо қомат афрохтани  биноҳои серошёнаи замонавӣ, бунёди қасру паркҳои истироҳатӣ, мавриди истифода қарор гирифтани садҳо километр роҳҳои мумфарш  рӯз ба рӯз зеботар мегардад. Ба замми авҷи корҳои созандагию бунёдкорӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ чораҳои зиёд андешида, шароити заруриро фароҳам овардааст. Дар  заминаи дастгирии соҳибкорон ҷиҳати рушди истеҳсолоти ватанӣ дар  як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи семент ба мамлакати  содиркунандаи он  табдил ёфт. Арзиши ин масолеҳи сохтмонӣ нисбат ба солҳои пешӣ 15 дарсад коҳиш ёфта, афзоиши он раванди созандагию ободкориҳоро дар мамлакат суръат бахшид. Шаҳрвандон бо истифода аз сементи аълосифат акнун сохтмони манзилҳои чандқабатаро пеш гирифтанд, ки нишони сатҳи баланди зиндагист.
Аммо имрӯзҳо бо вуҷуди имкониятҳо истеҳсоли баъзе маҳсулот, аз ҷумла пойафзоли ватанӣ, дар бозору фурӯшгоҳҳои дохилӣ хеле кам ба назар мерасад. Барои хариди пойафзол маблағи зиёди шаҳрвандон ба фоидаи истеҳсолгарони хориҷӣ сарф мегардад. Ин дар ҳолест, ки пӯсту пашми чорво дар навоҳии дурдаст, аз ҷумла, Лахш, Тоҷикобод, Рашт,  ба камтарин арзиш ба фурӯш мераванд ва боз аз ҷониби соҳибкорони хориҷӣ  коркард шуда, бо нархи гарон вориди ҷумҳурӣ мегардад.
Ҳоло фурсати он расидааст, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкорони ватанӣ истеҳсоли васеи пойафзолҳои чармии ватаниро ба роҳ монанд. Дар ин ҳолат сокинон аз истифодаи пойафзолҳои  сунъии зараровари хориҷӣ даст мекашанд ва маблағи хешро ба фоидаи  истеҳсолгари ватанӣ сарф менамоянд.
Исломи САИД,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51   ноҳияи Лахш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 445

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин дар интихоботи президентӣ иштирок хоҳад кард

Сурия аз ҷангиёни «ДИ» пурра озод карда шуд

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд

Назарбоев татбиқи лоиҳаи «Қазоқистони рақамӣ» - ро муҳим меҳисобад

Калонтарин ҳавопаймои дубаҳра ба парвози нахустин омода аст

Олимон скелети одами 3,6 миллион - соларо барқарор карданд

05.12.2017


Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Иштироки Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалӣ

Ифтитоҳи Маркази илмиву фарҳангии Русия дар Хуҷанд

Бунёди мактаб дар Рошорв

Як нишасти муҳим

Дастаи «Хуҷанд» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон

СММ: «Дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир якбора афзуд»

Маркази нави байналмилалии «Остона» ифтитоҳ меёбад

Физикҳо барои харитаи кайҳон 3 миллион доллар мукофот мегиранд

Биткоин - шашумин арзи дунё

04.12.2017


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси вазирони корҳои хориҷӣ

Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ

Мизи мудаввар дар Маҷлиси намояндагон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои рушди маориф дар Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед