logo

фарҳанг

СИРКИ ТОҶИК ШУҲРАТИ ҶАҲОНӢ МЕЁБАД

Сиркбозони тоҷик аз нахустин сафари ҳунарӣ ба давлати Миср бо сарбаландӣ баргаштанд. Онҳо дар доираи лоиҳаи байналмилалии ташкилоти мисрӣ оид ба санъати сирк давоми як сол бо сиркбозони 6 давлати дунё ҳунарнамоӣ карда, сирки тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Гурӯҳ иборат аз ҳафт нафар ҷавони муваффақ бо роҳбарии Обид Эргашев, роҳбари бадеии муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон», хушнуд аз онанд, ки дар ин муддат тавонистанд таҷрибаи худро дучанд зиёд намуда, аз нозукиҳои санъати сирк бештар огоҳӣ пайдо кунанд.
- Азбаски рушди бозигари сирк ба ҷаҳонгардӣ ва такмили пайвастаи касб вобастагии ногусастанӣ дорад, ин сафар барои пешрафти мо, ҷавонон, имконияти хубе буд. Мо ба дӯстдорони сирк бо омезиши жанрҳои сиркӣ – торбозӣ, гимнастикаи осмонӣ ва алвонҷбозӣ тавонистем барномаи ҷолибу диданӣ ба намоиш гузорем. Аз ҷониби шаҳрвандони Миср он хуш пазируфта шуд, - гуфт Нилуфар Шоева, торбози ҷавон.
Ҳоло ҳунармандони ҷавон баъди сафари тӯлонӣ боз ба тамрин машғуланд. Онҳо ба фестивали байналмилалии сиркии Эхоазия, ки моҳи июли соли 2018 баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.
Ҳамчунин, сиркбозон кӯшиш менамоянд, ки ба ҳамватанони худ барномаҳои наву муассир пешкаш созанд. Ҳар барномаи нав саҳифаи тозаест барои худогоҳию зебоипарастии мардум.
- Ҳунармандони тоҷик бо намоиши барномаҳои ҷолибу диданӣ дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, зимни рақобат бо сирки ҷаҳон соҳиби чандин медалу ҷоизаҳо гардидаанд. Сиркбозони ҷавон Мадина Назарова ва Манижа Ҳанифова дар бисёр барномаҳо аз рӯйи жанри гимнастикаи бадеӣ бо ҳунари нотакрори худ тамошобинону ҳакамонро мафтун сохтаанд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳунари тоҷиконро дар сатҳи баланд пазируфтанд.
Айни замон аҳли ҳунари Сирки давлатӣ дар тарғибу тарбияи завқи зебоипарастии мардум ҳамвора саъю кӯшиш доранд. Соли равон дар толори сирк чандин барномаҳои ҳунарӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ баргузор гардида, сиркбозон бо ҳунари волои худ мухлисони ин санъатро аз гӯшаю канори мамлакат ба ҳам оварданд. Бори нахуст сиркбозони тоҷик ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Мардуми кӯҳистон аввалин сирки тоҷикро бо хушнудӣ ва самимият пазируфта, умед доранд, ки чунин намоишҳо дар вилоят бори аввал нахоҳад буд. 
Барномаҳои сиркӣ барои фароғату дилхушӣ ва ташаккули маънавиёт, санъату фарҳанги ҳар шахс муфид арзёбӣ мешавад. Мо низ дар нав-бати худ барои ташаккули маънавиёти мардум, хусусан кӯдакону наврасон метавонем аз он истифода барем. Ғайр аз ин, агар сирк якбора аз чанд давлат даъват карда шавад, ба фоидаи буҷети кишвар хоҳад буд.
Дар деҳотҷойҳо муҳайё кардани шароит барои намоиши сиркӣ яке аз самтҳои пешрафти маънавиёти мардум ба ҳисоб меравад. Камбудии асосӣ ҳам дар ҳамин аст. Ба мисол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки имсол нахустин маротиба сирки тоҷикро пазироӣ намуд, набудани ҷойи мувофиқ барои баргузории намоиши сиркӣ монеа эҷод кард. Мушкилиҳою норасоии мутахассисон, камбуди молию пулӣ барои хариди ҳайвонҳои сиркӣ, аз ҷумла аспон, ки асоси зебоӣ ва мукаммалсозии ин санъати мураккаб ба ҳисоб мераванд, ҳалли саривақтии худро тақозо дорад, - гуфт Ашӯр Раҷабов, директори муассисаи давлатии «Сирки давлатии  Тоҷикистон».  
 О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 805

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед