logo

сиёсат

ТААССУРОТИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО ДАР БОРАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати расмии Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аввали моҳи ноябр ба Душанбе ташриф оварда буд. Вакилони Аврупоро шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.
Мулоқоти онҳо ба масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва ба иқтисоду амният бахшида шуда буд.
Яке аз аъзои ҳайати вакилони Парлумони Аврупо, вакил аз Латвия Андрей Мамикин дар саҳифаи худ дар  «Facebook» дар бораи ин мулоқот ва дар бораи он ки чӣ гуна ин мулоқоти расмӣ аз доираи қатъии протокол баромад,  чунин нақл кардааст…

«Тоҷикистон, Душанбе. Дар ду соли охир ман ба ин ҷо маротибаи дуюм омадам. Ва ин мулоқоти дуюм бо Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Суҳбат бо Ҷаноби Президент ба ҷои 40 дақиқаи муқарраршуда ду соат давом кард.
Президент супориш доданд, ки ба толор харита биёранд ва дар бораи зиддиятҳои дипломатӣ вобаста ба борҳое, ки ба  Осиё Марказӣ интиқол меёбанд, муфассал нақл карданд. Ман бори дигар ба фикр фурӯ рафтам: вақте Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон масоили сиёсати хориҷиро баррасӣ мекунанд, ин ҳама вақт ҷолиб аст, ҳарчанд агар ҳамаи ин аз Брюссел ба таври дигар менамояд.
Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги то ҳанӯз истифоданашуда мебошад ва барои ин кишвар тариқи Афғонистон ва Покистон содир намудани канданиҳои фоиданокаш осонтар аст. Зеро аз ин ҷо то Карочи - бузургтарин бандари Осиёи Ҷанубӣ масофа ҳамагӣ 1400 километрро ташкил медиҳад. Аммо то он даме ки дар Афғонистон «Толибон» ҳастанд, истифода аз ин роҳ мушкил хоҳад буд.
Дар суҳбат бо Президенти Тоҷикистон масъалаи дигар - мубориза бо камбизоатӣ, ки ба Нақшаи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 дохил карда шудааст, таваҷҷуҳи маро бештар ҷалб кард.
Ҳарчанд дар ин кишвар то соли 1997 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи зиндагӣ паст ҳам буд, аммо имрӯз дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ то 30 дарсад коҳиш ёфта, зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Метавонам аз мушоҳидаҳои худам, ки бори дуюм дар шаҳри Душанбе қарор дорам, ибрози андеша намоям: он вақт номунтазамии қувваи барқ дар худи меҳмонхонаи «Серена» ҳам дида мешуд, ҳоло Душанбе бо қувваи барқ пурра таъмин аст. Тамоми ҷумҳурӣ, ҳатто он ҷойҳое, ки ду сол қабл дастрасии ниҳоят маҳдуд ба қувваи барқ доштанд, бо он таъминанд.
Дар охир мепурсам, Ҷаноби Президент иҷозат диҳед туҳфаи хоксоронаеро манзуратон намоям ва аз ҷайбам сиккаи нуқрагии хотиравии ба Райнис ва Аспаз бахшидашударо баровардам. Симои ҳайратангези корманди протоколиро мебинам: охир дар Тоҷикистон ба Президент мустақиман туҳфа додан қобили қабул нест, танҳо тавассути протокол. Ва ман фикр мекунам: «Ҳар чӣ бодо бод!».
Ин лаҳза симои Президентро низ мебинам: албатта, таваҷҷуҳ ба он кас хуш омад ва дар бораи Латвия суханҳои гарму самимӣ гуфтанд.
Дар ин ҷо охирин монеаи протоколӣ барҳам мехӯрад: Президент ба забони русӣ гузаштанд (то ин лаҳза тавассути тарҷумонашон ба англисӣ суҳбат мекарданд). Ва дар назди ман Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Инсон мемонанд.
Он кас ногаҳон нақл карданд, ки чаро зодрӯзашонро дигар дӯст намедоранд.
Дар зодрӯзи имсола, пас аз чанд соати видоъ, бародари калонии Президент вафот кард. «Мо бо ҳам бештар аз бародар будем ва тамоми овони кӯдакӣ зери як кӯрпа мехобидем …», - гуфтанд Президент. Дар ин лаҳза ин суханон бисёр самимона буданд.
Ман бори дигар мутмаин мегардам, ки ҳамаи сиёсатмадорони бузург дар масофаи наздик ҳамеша Одамони Бузурганд.
Ба ақидаи шахсии Мамикин нодиртарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон  ин аст, ки ӯ тавонист ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 хотима гузорад. Чунин дастоварди бузург, тавре маълум аст, на ба ҳамаи шахсиятҳои таърихӣ даст додааст.

Р.S. Ин кори мураккаб аст: Президенти Тоҷикистон будан -  дар кишвари воқеъ дар  минтақаи душвор. Ногуфта намонад, ки беш аз ду даҳсола аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон  ҳар субҳ соати 4 аз хоб мехезанд, то корро аз соати 6 оғоз намоянд. Ва ҳар як вазир медонад, ки Президент метавонанд ба вай пеш аз баромадани офтоб занг зананд. Ва вазир бояд ба ҳар як саволи Президент ҷавоб диҳад.
АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 1346
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед