logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ДИРАФШИ КОВАЁНӢ . Ривоят ва ҳақиқат
Дар Авасто парчамҳои Бохтари қадим  ва дирафши душманони он чандин бор ёдрас шудаанд. Дирафши коваёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури мардуми тоҷик ва тамоми қавмҳои ориёинажод аст, ки дар «Шоҳнома» - и безаволи Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст.
Коваи оҳангар, ки ҳабдаҳ писари ӯро Заҳҳоки ситамгар тӯъмаи моронаш сохта, қасди писари ҳаждаҳумаш дошт, шӯрид, пешбанди чармини оҳангарии худро парчам кард. Мазлумон гирди ин парчам ба ҳам омаданд ва Заҳҳок - подшоҳи золимро сарнагун сохтанд.
Дирафши коваёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва дар аҳди Кӯшониён ва Сосониён парчами давлатии Эрон буд. Он ба дасти арабҳои истилогар нобуд карда шуд.
Таҳияи Мавлон ТАБАРОВ


ТОҶИКОН ПАРЧАМБАРДОРОНИ ТАЪРИХ
Дар аҳди давлатдории Ашкониён (соли 250 то мелод — 224 мелодӣ) низ Дирафши коваёниро ҳамчун нишон эҳё намуданд. Дирафши онҳо аз пӯсти барзагов ва дорои ситораи нурпош буда, ба дастаи чӯбин насб шуда, дар он уқоби тиллоии болдор тасвир ёфта буд.
Салтанати Парфиҳо ва ё Паҳлавиҳо бошад, асосан дирафши акси офтобдоштаро истифода мебурданд.
Сулолаи Сосониён (соли 224 — 651), ки эҳёгари суннатҳои давлатдории ориёӣ буданд, Дирафши коваёниро ҳамчун парчами шоҳон истифода мебурданд.
Ғайр аз уқоб ва рангҳои ориёӣ чанд аломати дигар низ мисли сурати ҳайвоноти муқаддас ва акси моҳ дар тоҷи Сосониён ба он илова шудааст.
Аксари аломатҳое, ки дар Дирафши коваёнӣ ва парчамҳои давлатҳои ориёӣ тасвир шуда буданд, аз ҷониби дигар миллатҳо пайравӣ ёфтанд. Масалан, акси моҳ минбаъд аз ҷониби хулафои араб қабул гардид ва имрӯз ҳамчун рамзи ислом истифода мешавад, ҳарчанд Паёмбари ислом ва хулафои дигар дар оғоз моҳро чун рамзи динӣ истифода намебурданд. Ранги сабз имрӯз асосан рамзи давлатҳои мусалмоннишин гаштааст. Яъне, рамзҳои давлатдории ориёӣ – тоҷикӣ аз ҷониби миллату халқиятҳо ва динҳои ғайр низ ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ қабул шудааст.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ПАРЧАМИ 2000 МЕТРА
Корхонаи воҳиди давлатии «Нассоҷии тоҷик» соли 2011 ба муносибати таҷлили Ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз матои абрешим парчаме омода намуд, ки 2000 метр дарозӣ  ва 860 килограмм вазн дошт.
Онро дар раҳпаймоии  9 – уми  сентябри ҳамон сол, ки ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд,  3000 низомӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт  бардошта, аз майдон гузаштанд. Дар тӯли парчамдории тоҷикон, ки ба гуфтаи бостоншиносон  таърихи на кам аз 4500 - сола  дорад, ин дарозтарин парчам арзёбӣ мегардад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


НӮШБОДИ СТАЛИН,  25 ИЮНИ СОЛИ 1945
...Фикр накунед, ки ман нӯшбоди ғайриодие мегӯям. Нӯшбодҳои ман, табиатан, хеле муқаррариянд. Мехоҳам барои саломатии одамоне нӯшем, ки мартабаи баланд надоранд ва рутбаҳояшон низ лоиқи ҳасад нест. Барои онҳое, ки «винтик»-ҳои (мурватчаҳои) механизми бузурги давлатиашон меноманд, вале бе онҳо ҳамаи мо – маршал ва фармондеҳони фронтҳову артишҳо, дағал карда гӯем, ба як пули пучак намеарзем. Ман қадаҳро барои одамони одӣ, муқаррарӣ, хоксор ва «мурватча»-ҳое мебардорам, ки, чун сутунҳои фӯлодин, сохтори бузурги давлатии моро ҳамеша дар ҳаракат фаъол медоранд. Онҳо «легион» ном доранд, барои он ки бениҳоят зиёд буда, даҳҳо миллион нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамаи онҳо хоксоранд, рутба надоранд, барои ҳамин касе дар бораашон наменависад. Вале онҳо нафароне ҳастанд, ки чун такягоҳ мову шуморо нигоҳ медоранд ва ҳифз мекунанд, мисле ки бомро сутунҳояш. Менӯшем барои саломатии чунин одамон, ки воқеан заминӣ ва самимиянд.
Тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ  ТАЪРИХИ ПУРШАРАФИ ХУДРО ДОРАД
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард ва дар ин робита озмун гузаронда шуд, ки натиҷаи он дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст ва қарори дахлдор қабул гардид. Ногуфта намонад, ки аввалин амали сарваронае, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷо овард, ин бӯсидани Парчами Тоҷикистон буд.
20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид. Мутобиқи он, ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Соли 2010 бунёди пояи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ёфт ва дар арафаи 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчам» номгузорӣ шуд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


НАВРАСИ ТОҶИК – ДОВТАЛАБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕС
Як падари серфарзанди тоҷик талош дорад, зӯри бозуи писари 7 – солааш дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шавад. Эмомҳусейн Умаров, фарзанди нуҳум ва хурдии хонавода, тавони якбора иҷро кардани 11 ҳазор маротиба болофишорӣ (отжимание) -ро дорад. Вай ин корро дар 6 соату 20 дақиқа ва бидуни танаффус анҷом медиҳад. Падари ӯ мегӯяд ба тавонии писараш бовар дорад, вале намедонад чӣ гуна ба масъулони Китоби рекордҳои Гиннес муаррифӣ кунад.
Падараш қисса мекунад, ки: «Баъд аз отжимание ман кори дилашро месанҷам, бетағйир мемонад. Табибон вазъи саломатиашро хуб, маҳорати ӯро фавқулода арзёбӣ мекунанд». Ба гуфтаи таҳлилгарони соҳаи варзиш теъдоди чунин одамон дар ҷаҳон камшуморанд. Эмомҳусейн тамринро ҳанӯз аз сесолагӣ ва аз 50 (отжимание) шурӯъ кардааст.
Ёдрас мешавем, ки охирон маротиба соли 1980 танҳо як шаҳрванди Ҷопон бо иҷрои 10 ҳазор (отжимание) ё болофишорӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шуда буд. 
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


ДИРАФШ ВА РАМЗҲОИ ОРИЁӢ. САЙРИ ТАЪРИХӢ
Дирафш ва парчам дар давлатдории Ҳахоманишиҳо зиёд истифода мешуд. Онҳо иловатан ба дирафши маъмули коваёнӣ тасвири уқобро аломати қудрату тавоноӣ ҷой дода, ба он ситораеро ворид намудаанд, ки ба чор тараф шуълапошӣ мекард ва он нишонаи ҳокимияти давлатӣ буд. Дирафш хоси шоҳаншоҳон буд.
Парчамҳои дигарро асосан сипоҳиён ҳангоми ҳаракат ва рафти ҷангҳо истифода мебурданд. Дар он замон ба қавли муҳаққиқон истифодаи дирафшҳое, ки сурати аждаҳо, шер ва уқоб доштанд, маъмул буданд. Уқоб дар дирафши шоҳон ва аждаҳо дар парчами артишиён сабт мегардид. Ин парчам ва нишонро Искандари Мақдунӣ аз Ҳахоманишиҳо қабул кард. Бо забти Юнон римиҳо онро аз мақдуниён мерос гирифтанд. Ҳангоми тақсими Рим ба Риму Византия ҳар дуи ин давлатҳо аллакай дар парчами худ акси уқобро ҳамчун нишон доштанд.
Тавре маълум аст, Зоя Палеолог бо князи рус Ивани 111 хонадор шуд ва бо барҳам хӯрдани Византия соли 1453 ин рамзи давлатиро Русия ба мерос гирифт, яъне рамзи уқоби дусара имрӯз рамзи давлатдории Русия аст. Рамзи уқоби дусараи Русия ҳамон уқобест, ки дар давлатҳои ориёӣ нишонаи давлатдории миллӣ буд.
Таҳияи Қурбони АҲМАДЗОД


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Парчами Фаронса се ранг дорад: сурх, сафед, кабуд. Аммо кам касон огаҳанд, ки таносуби рангҳо на якгуна, балки 30:33:37 аст. Чашми инсон танҳо дар ҳамин ҳолат ҳаҷми се рахро баробар мебинад.
***
Вақте соли 1945 Индонезия баъди истиқлолият парчами сурху сафеди худро қабул кард, мулки Монако, ки ҳамин гуна парчам дошт, эътироз кард. Аммо парчами Индонезия таърихи қадимтар дошт…
***
Парчамҳои Парагвай ва Молдавия вижагии хосе доранд: пушти онҳо ба рӯяшон монанд нест.
***
Парчамҳои росткунҷа барои дар киштӣ овехтан мувофиқ буданд. Тадриҷан чунин шакли парчамҳо аввал дар Аврупо, пас дар ҷаҳон стандартӣ шуданд, ба ғайр аз парчами Непал, ки ҳоло ҳам шакли росткунҷа надорад.
***
Фақат дар парчами Филиппин рахҳо ҷой иваз мекунанд: дар замони осоишта рахи кабуд аз боло ва рахи сурх аз поён аст, дар ҳолати ҳарбӣ - баръакс.
***
Парчами Ливия (Libya - ҷумҳурии арабӣ) ба ғайр аз ранги сабз тасвире надорад.
***
Бузургтарин парчами олимпиро (75х105 метр) соли 1992 дар Барселона варзишгарон  дар варзишгоҳ болои сар афрохтанд: он 800 килограмм вазн дошт.
Таҳияи С. АЗИЗӢ


ЗАНИ ТОҶИК ВА 18 ФАРЗАНДИ Ӯ
Шакархотун ва Алихон. Ин ҷуфти тоҷик дар ҷаҳон бо он машҳур шудаанд, ки ба ҳамаи 18 фарзандашон –  нуҳ писару нуҳ духтар маълумоти олӣ додаанд. Ба суоли рӯзноманигорон, ки оё тарбияи фарзандон ва ба онҳо додани маълумоти олӣ мушкилӣ надошт, Шакархотун бо табассум сар меҷунбонад. «Ҳар кадоми онҳо кӯшиш менамуд, ки дар кори хона саҳм бигирад. Мо, бо шавҳарам, корҳои хонаро байни бачаҳо тақсим намуда будем. Яке хӯрок мепухт, дигаре хона мерӯфт, севумӣ ҳезум мешикасту чаҳорумӣ барои чорво алаф меовард. 36 сол дар матбаа кор ҳам кардаам. Аз хурдӣ, ки меҳри илму донишро дар дили бачаҳо ҷой дода будем, ҳамаашон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуда соҳибмаълумот гардиданд»,  - мегӯяд момои Шакархотун.
Барноз РАҲМОНШОЕВА


МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТ
Парчам таърихи беш аз 4000 - сола дорад.
Тамоми парчамҳои ҷаҳон ба кишварҳо марбутанд, магар парчами лӯлиён, ки аз мардум аст. Дар он ароба ва чарх тасвир ёфтаанд.
Мувофиқи анъанаи ҳарбӣ қисми низомие, ки парчами худро гум мекунад, барҳам дода мешавад.
Новобаста аз вижагиҳояшон барои ҳамаи парчамҳо як қоидаи умумӣ амал мекунад. Парчами давлатҳо бояд аз сатҳи замин ё об баландтар афрохта шаванд.
Таҳияи Қудратулло АЗИЗОВ


НАРД ИХТИРОИ ТОҶИКОН АСТ
Ҳиндуҳо бозии шоҳмотро ихтироъ карда, аз гузаштагони мо –  Сосониён хостанд, ки сирри ин бозиро биёбанд. Бузургмеҳр, вазири Анӯшервони Одил, бо ақлу заковати худ сирри онро кушуду ҳиндуҳоро дар ҳайрат гузошт. Баъдан, худ бозии нардро ихтироъ карда,  ба мулки Ҳинд фиристод, аммо доноёни он солиёни зиёд фикр карда бошанд ҳам, рози бозии нардро наёфтанд ва, ҳамин тавр, Бузургмеҳр дастболо шуд. Ин маънӣ дар асари ҷовидонаи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» баён гаштааст.
Дар яке аз деворҳои харобаҳои Панҷакенти Қадим лавҳаи нард тасвир ёфтааст, ки далели раднопазир ба таърихи зиёд доштани ин бозӣ мебошад. Дар маъхазҳои дигар гуфта мешавад, ки нард аз номи Ардашери Бобакон (180 - 241) омада, дар ибтидо онро Анардашер, Нардшер, Навардшер мегуфтанд.
Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки дар аввал бозии нард хусусияти символикию мистикӣ дошт. Ситорашиносони мо бо ёрии тахтаи нард тақдири мамлакату шоҳонро пешгӯӣ мекарданд. Тахтаи нард осмон ва гашти донаҳои он ҳаракати ситораҳоро ифода мекард. Тахтаи нард аз шаш хонача иборат буд, ки ба ҳисоби вақт робита дошт. Дувоздаҳ қитъа дар ҳар ду ҷониби тахта дувоздаҳ моҳ, ба чор самт тақсим шудани тахтаи нард чор фасли солро нишон медод. 24 нуқта бисту чор соати шабонарӯз ва 30 муҳра (15-то сафед ва 15-то сиёҳ) 30 рӯзи моҳ дониста мешуд. Ҳаракати муҳраҳо дар рӯйи тахта ба ҳаракати ситораҳои осмон монанд буданд. Он рӯзҳо тахтаи нард аз санг ё чӯб ва муҳраҳо аз санг ё лой таҳия мегаштанд.
Таҳияи Бузургмеҳри ТОҶИДДИН


ЧӢ ТАВР ДИГАРОНРО БА ХУД МОИЛ СОЗЕМ?
Қоидаи 1: ба дигарон сидқан таваҷҷуҳ кунед.
Қоидаи 2 : табассум намоед!
Қоидаи 3: Фаромӯш накунед: барои одамизод шунидани номаш ширинтарин ва муҳимтарин овоз дар нутқи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Дар талаффузи ном бодиққат бошед.
Қоидаи 4: зиёдтар гӯш кунед, шунавандаи хуб бошед. Имкон диҳед, ки ҳамсуҳбататон дар бораи худаш бештар гап занад.
Қоидаи 5: дар мавзӯъҳое суҳбат намоед, ки ба ҳамсуҳбататон ҷолиб бошад.
Қоидаи 6: тавре рафтор ва муносибат намоед, ки ҳамсуҳбататон муҳим будани худро ҳис намояд. Ин корро сидқан анҷом диҳед.
Дейл Карнеги
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


ЗАБОНИ КАРУ ГУНГОНРО КӢ ИХТИРОЪ КАРДААСТ?
То асри XIV ба одамоне, ки қобилияти шунавоиву гӯёӣ надоштанд, бераҳмона фишор меоварданд. Онҳоро шахсони нолозими ҷомеа шумурда, бештар дар ятимхона ва беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ нигоҳ медоштанд. Ҷеромино Кардано, табиби итолиёвӣ, ба хулосае омад, ки коре карда садди роҳи фишор ба атфоли заифро бояд гирифт. Ӯ барои шахсони кару гунг алифбои хаттиро ихтироъ намуд. Он аз комбинатсияи аломатҳое иборат буд, ки мафҳум ва рамзҳоро дар бар мегирифт.
Дар асри XVII Шарл де Лепии фаронсавӣ аломатҳои забонро офарид. Он аз тартиби ишорати рамзии даст ва ангуштон иборат буда, тарзи баён кардани фикрро нишон медиҳад. Худи ҳамон сол алифбои ангуштонро низ ихтироъ намуданд, ки ба алифбои муосир хеле монанд аст.
Аломат, қиёфаи рӯй ва алифбои ангуштон ягона роҳи муошират барои кару гунгон гашт. Баъзе аз онҳо бо суръати истифода аз 130 калима дар як дақиқа метавонистанд  муошират кунанд.
Таҳияи Г. МАВЛОНАЗАРОВА


ҚУБОДИЁН
Олим Алиқул Девонақулов, рӯҳашон шод бод, дар китоби «Асрори номҳои кишвар» дар хусуси Қубодиён чунин нигоштаанд: «Агар мо ба сохти таркиби морфологии ин калима диққат кунем, он гоҳ мебинем, ки он аз қисматҳои – Қубод, яъне исми хос ва аз ӯ сохтани сифати нисбӣ ба воситаи «ӣ» - и заданок, яъне «Қубодӣ» ва алалхусус бо суффикси ҷамъбандии «ён» калимаи «Қубодиён», ки ба маънии ба Қубод нисбат доштани ин мавзеъ сохта шудааст.
Маънии истилоҳии калимаи «Қубодиён» дар фарҳангҳо ва асарҳои ҷуғрофӣ ба тариқи зерин сабт шудааст: «Қубодиён» - қарияест аз навоҳии Балх, воқеъ дар соҳили яке аз шуаби (шохоби) рӯди Ҷайҳун (яъне дарёи Кофарниҳон, ки ҳоло ҳам аз байни ноҳия мегузарад). Ва он муваллади Носири Хусрав бувад».
Донишманди бузург, нобиғаи асри ХI Абурайҳони Берунӣ оид ба шоҳаншоҳии Қубод ба тариқи зерин муҳокимаронӣ менамояд: «Дар китоби Ҳамза ибни Ҳасани Исфаҳонӣ, ки номи онро «Китоби таърихи бузургони фаромӯшшуда» гузошта, ҳарфи дигаре ёфтам. Ва муаллифи он китоб мегӯяд, аз рӯи «Авесто» он ахборро тасҳеҳ карда. Ва ман ин қисматро боз дар ин дафтар («Осор – ул – боқия») ба ҷиҳати шумо нақл мекунам».  Пас аз сабти мулуки Пешдодиён рӯйхати мулуки Каёниён қайд мегардад. Давраи салтанати Қубод аз рӯи «Авесто» солҳои 2372 – 2496 нишон дода мешавад. Шояд Қубодиён дар натиҷаи саъю кӯшиш ва тадбирҳои Қубоди Каёнӣ бунёд шуда бошад, зеро Тахти Қубод маҳз дар ҳамин мавзеъ ҷойгир аст.  Аз ин ва дигар асарҳои таърихӣ маълум мегардад, ки таърихи пайдоиши шаҳристони Қубодиён ба се ҳазору дусад сол дакка мехӯрад.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами истиқлолияти ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруд ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб меёбад.
***
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчамҳо эътироф шудааст.  Дарозии парчам 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил медиҳад.  Аз лиҳози баландии сутун ва бузургии парчам он ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст.
***
2 - юми апрели соли 2014 дар рӯбарӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 55 метр афрохта шуд. Атрофи парчам поя ва роҳравҳо бо санги ороишии  хорои сурх ва фаввораҳои зебо оро ёфтааст.
***
Дар шаҳри Хоруғ манораи ливои миллӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ бо баландии 30 метр, дарозӣ 8 ва паҳноии  4 метр қомат афрохтааст.
***
Дар даромадгоҳи шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 35 метр, бо таносуби бару дарозии умумии 4, 5 ба 9 метр парафшон аст.
***
Дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 10 метр,  андозаи матои  5,  паҳноияш 4 метр насб гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2017    №: 242    Мутолиа карданд: 862

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед