logo

фарҳанг

ТАЪРИХЧАИ ХУРД

Парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР, соли 1922) буд. Конститутсияи соли 1924 - и ИҶШС  парчами сурхи (1:2) дар кунҷи боло тасвири путку дос ва дар болои он ситораи панҷгӯша доштаро қонунӣ гардонд.
Моҳи феврали соли 1947 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами ИҶШС шабеҳи худро қабул кунанд.
Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 20 марти соли 1953 таҳрир шуд. То ин дам парчами сурхи путку досдор бо навиштаҷоти русию тоҷикии РСС Тоҷикистон  ва Таджикская ССР  (дар кунҷи чапи боло) истифода мешуд.
Парчами давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Бори нахуст Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил шуд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои (андозаи 1:2) росткунҷаи  иборат аз се рахи уфуқӣ ҷойгиршудаи ранга аст: рахи болоӣ - сурх, рахи байн - сафед, рахи поён - сабз. Дар мобайни рахи сафед бо ранги зарҳал тоҷ ва ҳафт ситораи панҷгӯшаи болои он дар шакли нимдоира тасвир шудаанд.
Рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимаи суннатӣ доранд. Тибқи ривояти Авасто, ранги сурх рамзи мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи Меҳан, сарзамин, мардум, ғояҳои олӣ; ранги сафед рамзи рӯҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ; ранги сабз рамзи зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошанд.
Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар, ҳафт ситора рамзи ҳафт диёри таърихию зебоманзари Тоҷикистон - Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлону Бадахшонанд.
Афзалшо ОБИДОВ,
устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2017    №: 242    Мутолиа карданд: 780

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед