logo

иқтисод

РАШТ БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДА АСТ

Ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 апрели соли 2017, № 177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам  ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои  2017 – 2018»  имсол барои зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.

Раҳимҷон Набиев, муовини якуми раиси ноҳия, сардори ситод оид ба зимистонгузаронӣ, изҳор дошт, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои буҷетӣ дар мавсими сармои солҳои 2017 - 2018 ҷиҳати хариди маводи сӯхт беш аз 1 миллиону 923 ҳазор  ва  барои барқарорсозии биною иншоот қариб 1 миллиону 600  ҳазор  сомонӣ ҷудо гардид.
Фаъолияти ду  кони истихроҷи  ангишт - «Назар айлоқ» ва ҶДММ «Камароб» дар минтақа ба таъмини саривақтии  аҳолӣ бо ин маҳсулот мусоидат намуд. Иҷрои таъминоти сокинон бо ангишт дар ноҳия 100 дарсади  нақшаро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ноҳия барои фурӯши ангишт 10 нуқта, маводи сӯзишворӣ 22 ва гази моеъ 7 нуқта бо реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар шабакаҳои барқи ноҳия бошад, корҳои таъмиру барқароркунӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 пурра иҷро гардид. Масъулони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ҷодаҳои маҳаллию ҷумҳуриявии ҳудуди ноҳия қариб 800 метри мукааб маводи зидди лағжиш захира намуда, техникаҳои сершуморро барои фаъолияти самарабахш дар мавсими сармо дар ҳолати хуби техникӣ омода намуданд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 310

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин дар интихоботи президентӣ иштирок хоҳад кард

Сурия аз ҷангиёни «ДИ» пурра озод карда шуд

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд

Назарбоев татбиқи лоиҳаи «Қазоқистони рақамӣ» - ро муҳим меҳисобад

Калонтарин ҳавопаймои дубаҳра ба парвози нахустин омода аст

Олимон скелети одами 3,6 миллион - соларо барқарор карданд

05.12.2017


Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Иштироки Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалӣ

Ифтитоҳи Маркази илмиву фарҳангии Русия дар Хуҷанд

Бунёди мактаб дар Рошорв

Як нишасти муҳим

Дастаи «Хуҷанд» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон

СММ: «Дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир якбора афзуд»

Маркази нави байналмилалии «Остона» ифтитоҳ меёбад

Физикҳо барои харитаи кайҳон 3 миллион доллар мукофот мегиранд

Биткоин - шашумин арзи дунё

04.12.2017


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси вазирони корҳои хориҷӣ

Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ

Мизи мудаввар дар Маҷлиси намояндагон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои рушди маориф дар Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед