logo

иқтисод

МОИ "ДАНҒАРА". ВОРИДОТИ САРМОЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва субъектҳои соҳибкории он тасмим гирифтаанд, ки соли 2018 навбати аввали корхонаи коркарди нафтро бо сармояи қариб 80 миллион доллари ИМА ва иқтидори истеҳсолии коркарди 500 ҳазор тонна нафт дар як сол ба истифода диҳанд. Аллакай корҳои сохтмонӣ дар ин самт ба андозаи 98 дарсад ба анҷом расидаанд. 
Тибқи иттилои Сафаралӣ Тайфуров, муовини роҳбари маъмурияти МОИ «Данғара», аз аввали сол то ин дам ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи субъектҳои МОИ «Данғара» ба 13 миллион сомонӣ расид.
Феълан дар минтақаи озоди иқтисодӣ 31 субъект ба қайд гирифта шуда, 7 - тои он аз сармоягузори ватанӣ, 16  чинӣ, 2 эронӣ ва 1 покистонӣ мебошад.  Мувофиқи бизнес - нақшаи соҳибкорони МОИ тӯли се - чор соли оянда бояд ба минтақа беш аз 1,1 миллиард доллари ИМА сармоя ворид гардад. Ҳаҷми воридоти сармоя ба минтақа аз оғози фаъолияти он 1 миллиарду 395 миллион сомониро дар бар мегирад, ки дар байни минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар нишондиҳандаи беҳтарин мебошад.
То имрӯз дар ин гӯшаи пешрафтаи иқтисодӣ корхонаҳои зиёд ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудаанд. Корхонаҳои истеҳсоли шағалу қум - «МИСР - 2001», маводи  шустушӯӣ - «Тоҷи Осиё», истеҳсоли қубурҳои пластикӣ - «Тоҷпласт-1», коркарди намаки ошӣ - «Саддаҳо», ҷамъу васли техникаҳои калонҳаҷми сохтмонӣ - «Космос», коркарди меваҷот ва меваи хушк - «Грин голд», конструксияҳои филизии «Ауфэн» ва истеҳсоли маводи сохтмонии саноатӣ - ҶДММ «Лолазор - 88» аз зумраи онҳо мебошанд.
Маъмурияти минтақа вазифадор аст, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ дар барасмиётдарории ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозатномаву раводид ёрии амалӣ расонад. Ба замми ин, дар ҳудуди МОИ «Данғара» терминали гумрукӣ амал мекунад, ки ин кори барасмиётдарории гумрукиро барои субъектҳои минтақа осон мегардонад. Ҳамаи ин имтиёзҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар мӯҷиби ҷалби сармоягузорони хориҷӣ гардидааст.
Бо назардошти соҳаҳои афзалиятнок  дар МОИ «Данғара»  бахшҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мева, пӯсту пашм, маҳсулоти ширу гӯшт, мошинсозию истеҳсоли дастгоҳҳои истеҳсолӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли барқу  энергетика, маводи кимиёӣ, тиббӣ ва  дорусозӣ ба роҳ монда шудаанд.
Субъектҳои МОИ ҳангоми ба ҳудуди минтақа ворид кардани ашёи хом,  техника ва таҷҳизот аз тамоми намуди боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо озоданд.
Минтақаи мазкур дар маркази мамлакат ҷойгир буда, субъектҳои он имкон доранд, ки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худро бо мамлакатҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон (150 км), Покистон (500 км), Ӯзбекистон (220 км), Қирғизистон (350 км) ва Чин (1100 км) ба роҳ монанд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 760

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед