logo

сиёсат

ПАРЧАМ РАМЗИ МАВҶУДИЯТ АСТ

Нияти боздид аз боғи Парчами давлатӣ маро ба даромадгоҳи он овард.  Ин боғ аз ҷониби хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз пиёдарави шафати Осорхонаи миллӣ, дар майдони бузурге, ки бо Қасри миллат ва онсӯтар бо Нишони давлатии Тоҷикистон мепайвандад, дар ин ҳамвории кушоду зебо, дар зери осмони нилгуни кишвар доман густурдааст. Тавассути зинапояҳое, ки аз шафати роҳи пиёдарав ба боло, ба дарвозаи боғи Парчами миллӣ боло мебарорад, қадам мезанам ва як эҳсоси мутантан маро фаро мегирад, шояд  ин аз дидори боғи муҳташаму нозанине бошад, ки дар он чандин муқаддасоти Ватани азизи ман: Қасри миллат, Нишони давлатӣ ва Парчами муқаддаси Тоҷикистон сарафрозӣ мекунанд. Ин эҳсосот дар ман як ифтихор, як меҳри ватандӯстӣ, муҳаббати Тоҷикистони  азизро бармеангезад.
Воқеан, боиси ифтихор аст, ки дар як муддати кӯтоҳ чунин гӯшаи биҳиштосои сабзу хуррам, ки имрӯз маҳзари ишқу муҳаббати ватанпарастон аст, аз муҳаббати мардум ва Пешвои миллат бунёд гардид. Мисли ин ки дар ин боғ на ин гиёҳу гулҳо, на  дарахтони зебо, на ин муҷассамаҳои рамзиву гӯшаҳои хуррам, балки  ишқу муҳаббати Ватан шукуфону сарсабз гардидаву аз табассуму хандаи гулҳои ин боғ ҷавонони хуштолеи мо шодрӯҳу хандонанд, дар қомати ҳар дарахт қомати устувори ҷавонӣ ва бовару эътимоду эътиқод сабзидааст.
Боғи Парчам аз вурудгоҳ то ҳама паҳно, то ҳама гӯшаҳои он бо завқи баланд, ҳунармандона, бо камоли зебоишиносиву зебоипарастӣ бунёд ёфтааст.  Воқеан, боғи Парчами миллӣ он қадар хуҷастагиҳову зебоиҳои дилпазире дорад, ки имрӯзҳо яке аз мавзеъҳои писандидаву дӯстдоштаи мардуми мо мебошад.
Дар боғи Парчам хуҷастагиҳои зиёд шуморо интизоранд. Ҳузури Осорхонаи миллӣ ва боздид аз он бар ин хуҷастагиҳо зам мешавад. Дар даромадгоҳи боғ чашми шумо ба  саворае меафтад, ки муҷассамаи  Яъқуби Саффоррист - тоҷики сарфарозе, ки савори асп таҷассум ёфтааст (вафоташ. соли 879). Ӯ асосгузори давлати Саффориён дар Хуросон буд.  Бояд гуфт, ки дар ин боғ муҷассамаи онҳое гузошта шудааст, ки насабу миллаташон тоҷик аст. Баъдан дар боғ шумо пайи ҳам чунин муҷассамаҳоеро, ки шахсиятҳои шоистаи таърихи миллати моро  муаррифӣ мекунанд, вомехӯред.
Яке аз хуҷастагиҳои боғи Парчам боз дар он аст, ки маҳзари беҳтарин гулҳову дарахтони дунёст. Дар ин ҷо бо намунаҳои нодиртарини гулу гиёҳ, нахлу дарахтон, ки аз тамоми гӯшаҳои дунё бевосита худи Сарвари давлати тоҷикон овардаанд ва чанде аз онҳоро худашон шинондаанд, вомехӯрем. Воқеан, боғи Парчами миллӣ ва ин маҷмаа дар якҷоягӣ бо Қасри миллату боғу гулзори шафати он, Нишони давлатӣ намунаи беназир ва дилписанди боғҳои ҷаҳон аст, ки бо завқи хосса нишондаву парвариш дода шудааст.
Дар боғи Парчами миллӣ завқи шумо, рӯҳи шумо аз тамоми ин ҳама шукуфоиву сарсабзиҳо ва муҳити фарҳангпарвар ва хуҷастагиҳои зиёди дигар неруи тоза меёбад, болида мегардад. Яке аз хуҷастагиҳои дигари табиати мо накҳату шаббода ва таровати обҳои зулоли ин боғ низ дар ёд монданист. Кӯли паҳновари оби мусаффо ва фаввораҳои маҷмаа ба чашм нур бахшида, дилу рӯҳи касро болида месозад.
Бояд гуфт, ки бунёди ин боғ ва ин маҷмаа бе иштироку завқи баланди Сарвари кишвари мо нест. Пешвои табиатдӯсти мо, ки  дар оғози шурӯъ кардан ба кори сарварии худ, ҳанӯз дар он рӯзгори вазнин, ки мардум дар ғами нону ғами ҷон буданд,  онҳоро ба сарсабзу гулзоркунии кишвар, ба ниҳолшинонӣ даъват кардаву худ аз аввалинҳо ин иқдомро амалӣ намуда буданд. Дар он замони бисёр вазнини ноумедиҳо рӯ овардан ба сарсабзиву ниҳолшинониву гулкорӣ, агар аввалан, аз завқи зебопарастии ӯ дарак медод, баъдан, ин иқдом аз он ҷиҳат оқилона буд, ки рӯ овардан ба шукуфоиву сарсабзӣ, ба ободӣ ба мардум ҳам умед ва ҳам неруи рӯҳониву бовар бахшида, завқашонро мепарварад. 
Рӯзона ва хусусан бегоҳ боғи Парчами миллӣ ҳамеша серодам аст. Боғ нафақат ҷойи сайру саёҳати сокинони пойтахт аст, балки бисёре аз меҳмонони хориҷӣ сайру саёҳати онро дӯст медоранд. Ба ин боғ аз ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт ва аслан аз тамоми гӯшаҳои кишвар марду зан  ба тамошо меоянд. Ман ба худ андешидам, ки оё ҷозибаи ин боғ фақат дар шаҳомату зебоии он аст? Мо, ки боғҳои зиёди дигаре ҳам дорем, аммо чаро мардум бештар ба ин ҷо меоянд, ба боғи Парчам? Ва дарк кардам, ки ин ҷозибаи Парчами миллии мост. Парчаме, ки пирӯзӣ, рамзи сарбаландӣ, ифтихор аз озодиву истиқлолият ва ваҳдати халқамон аст. Миллате, ки аз аввалин парчамдорони дунё будааст ва нахустин Парчами худ-ро ҳазорон сол пеш чун Парчами адлу дод баланд афрохта, ҳамеша муқаддас доштааст, имрӯз дар замони пирӯзии истиқлолияти худ даҳчанд бештар ба он арҷгузорӣ мекунад. Ҷозибаи ин Парчами миллист, ки хурду бузургро ба ин ҷо мехонад, дар онҳо ифтихори миллӣ ва муҳаббату садоқати Ватанро бармеангезад.
Мо - тоҷикони  соҳибистиқлол метавонем, дар хусуси парчамдории гузаштагони худ бо ифтихору  сарбаландӣ сухан гӯем, зеро ҷои чунин ифтихор ҳаст. Аввал ин, ки парчами нахустини мо бо номи адолату ҳақиқат боло шуда, дувум ин, ки ин парчам аз байни мардум, аз издиҳоми халқ баромадааст ва пешбанди чармини Коваи оҳангар будааст, ки баъдан ба парчами давлатдории шоҳони каёнӣ ва дигар сулолаҳои давлатдории мо табдил ёфтааст. Мавриди ҷолиби дигар ин аст, ки матои Парчами миллии мо дар он замонҳои гузашта аз пӯсти шер ё паланг, яъне тавонотарин ҳайвонот сохта мешудааст, ки ин ҳам рамзи хосса дошта, гувоҳи арҷгузории баланди гузаштагони мо ба парчами хеш аст. Яъне, ин Парчам бояд ҳам қавӣ бошад ва ҳам рамзи қудрат ва тавоноӣ.
Сарвари кишвари мо, Ҳукумати Тоҷикистон, фарзандони шарифу шоиставу ҷоннисори он тавонистанд миллати моро дар зери ин Парчами муқаддаси  миллӣ ҷамъ оранд. Ҷозибаи Парчами миллӣ моро пайваста ба сӯи худ мекашад, баландии он моро вомедорад, сари худро баланд бардорем. Ва то даме, ки Парчами миллӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парфишон аст, миллати мо ҳамеша дар зери он тифоқу сарҷамъ ва бо баландтарин эҳсоси ватандорӣ  бо ҳам хоҳад буд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 1533
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед