logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои душвори ба сари халқу миллат омада, дар муқобили ҳама ҳадафҳои нопок чун як сипари боэътимод қарор гирифту халқро аз парешонию нобудӣ наҷот дода, дар атрофи худ сарҷамъ намуд. Ин шахсият барои ҳазорсолаҳо чун наҷотбахши миллат боқӣ мемонад.
Орифе мегӯяд, ки «Ба сулҳ имкон диҳед, подоши онро хоҳед дид». Миллати тоҷик бо Пешвои худ ифтихор мекунад ва шукр мегӯяд, ки дар мамлакат сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Дар ҳақиқат, сулҳ аст, ки имрӯз миллати мо ташаккулу такомул меёбад ва рӯз то рӯз шукуфонтар мегардад. Дар минбарҳо, майдонҳо ва саҳнаҳо Парчами миллии мо барафрохта мешавад ва Суруди миллӣ танинандоз мегардад. Вақте муҳаббат ба Ватан дар дили як миллат меафзояд, ин маънии салтанати сулҳ дар он кишварро дорад. Хушбахтии мо дар он аст, ки имрӯз дар байни ҳамаватанон дарди маҳал аз байн рафт.
Раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ собит сохта истодааст, ки аз мухолифат кишварҳои бузург пора мешаванд ва аз ваҳдат давлатҳои хурд ташаккул меёбанд. Дар ин раванд ватандӯстӣ, муҳаббат ба Пешво, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба идеяи миллии мо табдил ёфта истодааст, ки аз он болотар дастоварде нест.
Барои ташаккули як миллат дар ҳама замонҳо ваҳдату худшиносӣ нақши калидӣ дошт. Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро надошта бошад. Миллатҳоро таърих месозад ва Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқрори сулҳу субот дар кишвар ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Гиромидошти арзишҳои таърихии давлати Сомониён алифбои худшиносии фарохи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳими давлатсозии миллии мо гашт. Пешвои муаззами миллат аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ба забони ноби тоҷикӣ масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳонро матраҳ месозанд, ки гувоҳи яқини давлатдории миллии имрӯзаи мост.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо қаҳрамонон ва фарзандони фарзонаи миллатамонро хубтару беҳтар шинохтем. Ҳоло шароит фароҳам омадааст, ки шеваи худшиносӣ дар ҷомеа торафт баланд мегардад. Вақте як миллат ба худшиносӣ мерасад, ин маънии онро дорад, ки он миллатро аҳли башар мешиносад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибтамаддуну сулҳофар мешиносанд ва эътироф мекунанд. Дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ пешниҳоду ташаббусҳои сарвари моро ҷонибдорӣ менамоянд, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Имрӯз мо аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллии худ ифтихор менамоем. Чунин ифтихорро бояд ҳар як фарди солимфикри ҷомеа соҳиб бошад. Давлатсозиву таҳкими пояҳои давлати миллӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бомаром  ҷараён дорад. Яъне, миллати тоҷик таҳти сарварии Пешвои худ бо ифтихор ва ҳадафмандона ба пеш қадамҳои устувор мениҳад.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи журналистикаи
байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 1195
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед