logo

мулоқотҳо

Мулоқот дар атрофи симпозиуми байналмилалӣ

Нимаи дуюми  23  сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Алӣ Абул Ғейтро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Барои ин фаъол намудани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.
Оид ба омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалии бузургдошти Имоми Аъзам ва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ, ки яке моҳи октябри соли равон ва дигаре соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аҳмад Алӣ Абул Ғейт зиндагии ибратомӯз ва осори гаронмояи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит – Имоми Аъзамро «саҳми намоёни мардуми тоҷик дар рушду нумӯи афкори илмӣ ва фарҳанги исломӣ» арзёбӣ намуда, ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба бузургдошти ин нобиғаи фиқҳи исломӣ  баҳои баланд дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 601

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед