logo

иқтисод

ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик мақолаи «Зимистон дар мекӯбад» - ро, ки 30 октябри соли 2017, №  223 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шуд, бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони шуъбаи маориф, беморхонаи марказӣ ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва шуъбаву бахшҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дод.
 
Маълум менамоем, ки барои зимистонгузаронии муассисаҳои зикршуда корҳои зиёде ба анҷом расонда шудаанд. Аз ҷумла, дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷиҳати бомуваффақият гузарондани мавсими зимистон техникаҳои мавҷуда ва дигар механизмҳо аз таъмир бароварда шуда, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Айни замон, як адад автогрейдер, як адад борбардори фронталӣ, як трактори тамғаи ЮМЗ -6 Л, як автомашинаи боркаши тамғаи ММЗ, як экскаватори тамғаи САТ-320 Д, як агрегати барқдиҳӣ ва васлкунӣ дар ҳолати омодагӣ қарор доранд. Ҳамчунин, ба андозаи 490 метри мукааб маводи зиддилағжишӣ, қуму намак, 1200 литр сӯзишвории дизелӣ ва дигар намудҳои сӯзишворӣ захира шудаанд. Барои муҳайё кардани шароити мусоиди корӣ, васеъ намудани парки техникӣ мувофиқи нақшаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Барномаи «JICA» - и кишвари Ҷопон барои ноҳияҳои минтақаи кӯҳистони ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Темурмалик низ ҷудо намудани техникаву механизмҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Ин имконият медиҳад, ки шароитҳои кории муассисаи мазкур беҳтар гардад.
Муассисаҳои таълимии ноҳия ба фасли сармо омодагии ҷиддӣ дидаанд. То ин дам дар муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 680 метри мукааб ҳезум, 2878 литр сӯзишворӣ, 183 тонна ангишт захира шуда, ба андозаи 1036 метри мукааб тирезаҳои муассисаҳои таълимӣ оинабандӣ шудаанд. Илова бар ин, муассисаҳои таълимӣ бо 532 бухорӣ, 201 гармкунаки барқӣ ва 38 генератори барқӣ таъминанд.
Беморхонаи марказӣ бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Оид ба таъмири беморхона тадбирҳо андешида шуда, алҳол шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои сироятӣ, эҳёгарӣ, таваллудхона, санҷишгоҳ, долони шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва фарши ҳуҷраҳои табобатӣ бо линолиум пӯшонда шудаанд. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг низ ба мавсими сармо омода мебошанд. Барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба соҳаи маориф 202634 сомонӣ, тандурустӣ 16 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи фарҳанг 3500 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик барои дар сатҳи зарурӣ ва бомуваффақият гузарондани мавсими сардиҳо тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Эмомиддин АСЛЗОДА,
раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 652

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед