logo

иқтисод

ДАР РУШДИ СОҲИБКОРИИ ВАТАНӢ САҲМ МЕГИРЕМ

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба муносибати сеюмин солгарди Рӯзи соҳибкорон барои  ман хотирмон аст. Суханони самимонаи Сарвари давлат оид ба дастгирии соҳибкорон ва додани имтиёзҳои гуногун баҳри пешрафти фаъолияти онҳо дар ҷодаи созандагию ободонии Ватан ба ман  рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Сарвари давлат зимни суханронии хеш бори дигар  дастгирии соҳибкоронро таъкид намуда, барои онҳо дар самти воридоти технологияи навини истеҳсолӣ, пардохти гумрукӣ ва баъзе намудҳои андозро аз миён бардоштанд. Чунин ғамхорию дастгирӣ ба рушди истеҳсолоти дохилӣ ва ба ин васила боз ҳам ободу зеботар гардидани кишвар такон мебахшад.
Дар заминаи имконияту шароити фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат корхонаи мо чор сол пеш ба фаъолият шурӯъ намуда, то ҳол се намуди беҳтарини шифочой истеҳсол менамояд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат тасмим гирифтем, ки минбаъд истеҳсоли 5 намуди дигари шифочойро бо истифода аз гиёҳҳои нодири ҷумҳурӣ ба роҳ монем. Маҳсулоти мо ба ғайр аз бозорҳои кишвар дар мамолики дигар низ харидори зиёд дорад. Чанде пеш намояндагони корхона дар намоишгоҳи молҳои Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон иштирок намуданд. Баҳои муштариён ба маҳсулоти мо хеле арзанда ва талабот низ ба он зиёд буд. Бешубҳа, ин дастоварду муваффақиятҳо аз баракати сулҳу амонӣ ва ташаббусҳои  Роҳбари давлат сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, мо, соҳибкорон, бояд суханони ватандӯстонаи Пешвои миллатро дар роҳи саҳмгузорӣ ба пешрафту шукуфоии кишвар сармашқи кори худ қарор диҳем.     
Саидаҳтам АКРАМОВ,
роҳбари корхонаи «Шифочой» - и ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2017    №: 244    Мутолиа карданд: 583

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед