logo

иқтисод

НУРОБОД. РУШДИ СОҲИБКОРӢ МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲ

Дар ноҳияи Нуробод дар доираи кори Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ вохӯрии масъулону кормандони соҳаи савдо ва хизматрасонӣ бо соҳибкорон ва шарикони рушд доир гардид. Зимни вохӯрӣ рушди бахшҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва рақобатпазир гардондани он, ҳамчунин, рушди савдои миёнамарзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сайдалӣ Сайдраҳмонов, директори генералии ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Сурхоб», гуфт, ки дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор имрӯзҳо дар меҳвари фаъолияти  бахши хусусӣ ва ҳам сохторҳои давлатист.
Аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ нокифоя будани савияи дониши намояндагони бахши хусусӣ дар бораи қонунҳои амалкунанда  дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқии онҳо, андозбандӣ ва таҳияи бизнеслоиҳаҳо мушкили асосии пешрафти соҳа арзёбӣ шуд.
Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии навоҳии водии Рашт гузарондани тренинг ва машғулиятҳои омӯзиширо дар байни соҳибкорон бештар намуда, дониши ҳуқуқӣ ва касбии онҳоро тақвият бахшем, - гуфт Сайдалӣ Сайдраҳмонов.
Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт аз соли 2013  фаъолият дошта, баҳри ривоҷу равнақ бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2017    №: 245    Мутолиа карданд: 638

12.12.2018


ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед