logo

сиёсат

ИҚТИДОРИ СИЁСӢ – ҲАСТИИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Ҳар як давлат, ки махсусияти миллӣ мегирад, пеш аз ҳама, бар пояи иқтидорҳои сиёсӣ, ҳарбӣ - интизомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ устувор шуда, рисолаташро дар маҳдудаи хидмат ба мардум ва ҷомеа анҷом медиҳад. Аз ин нуқтаи назар, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар марҳалаи ҳассоси таърихи миллӣ рӯйи кор омаданд, аз рӯзҳои нахустин бо мушкилоти рӯзафзуни сиёсӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардида, маҷмӯаи масоилу мушкилоти мавҷударо ба таври тадриҷӣ ҳаллу фасл намуда, ба марҳилаи сифатан нави давлатдорӣ ворид шуданд.

Имрӯз бисёр осон аст бар асоси мутолеоти густурда сари масоили бунёди давлат ва роҳандозии сиёсати муваффақона дар қаламрави ҷумҳурӣ суҳбат кард. Вале дар он замони ҳассос, яъне ибтидои солҳои навадум ба эътидол овардани вазъи баамаломада, ба оромии сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ расондани мардум ва ба ҳам овардани онҳо ҷуръату ҷасорати фавқулодаро тақозо мекард. Дастгоҳҳои давлатӣ ва сохтори сиёсии кишвар ба гирдоби мушкилоти дохилӣ ғӯтавар гардиданд. Аз фурсат истифода бурда, таҳиягарони бозиҳои сиёсӣ дар минтақаҳои ҳассоси кишвар тухми ихтилофоти динӣ - мазҳабӣ коштанд, ки дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайвастанд. 
Дар чунин вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ  Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ, 16 ноябри соли 1992, дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд ва Ҳукумати қонунӣ рӯйи кор омад. Барои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ Ҳукумати конститутсионӣ саъю талош намуд ва аз созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намоянд. Талошҳои Сарвари давлат самар доданд ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардид.     
Мутаассифона, гурӯҳҳое ҳастанд, ба монанди ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24», ки сулҳу субот, ҳамбастагию ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакатро намехоҳанд ва аз пайи иғвогарию дасисабозӣ мегарданд.
Албатта, дар пушти иғвою дасисаҳо ва тавтеаю туҳматҳои онҳо сиёсатҳои пасипардагии баъзе қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ камин гирифтаанд. Тавассути расонаҳои хабарии баъзе кишварҳо иттилоъ паҳн мегардад, ки гӯё давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон имкони ҳалли масоили иҷтимоӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва амсоли инҳоро надоранд. Муаллифони ин матлабҳо аз ёд баровардаанд, ки Ҳукумати имрӯза он ҳукумати ибтидои солҳои навадум нест, ки дар вазъи буҳрони амиқи иқтисодӣ ва молиявӣ қарор дошт. Маҳз бо ибтикор ва ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар қатори мамлакатҳои қавии минтақа қарор дорад ва аз иқтидори кофии фаннӣ бархӯрдор аст. Ниҳодҳои давлатӣ имрӯз неруманданд.  Иқтидори техник, ҳарбӣ ва интизомии ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон буд, ки балвои собиқ генерал Абдуҳалим Назарзода, сентябри соли 2015, дар муддати ду рӯз пахш карда шуд. Ҳамон рӯзҳо бархе аз таҳлилгарон, ки бештар қартаи наҳзатро ба бозии иттилоотӣ дароварда буданд, ҳадс мезаданд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон имкони хунсо кардани табаддулотро надоранд ва як навъ ҳароси сиёсиро дар сатҳи расонаҳо интишор доданд. Вале, баъдан, бо чашми худ диданд, ки гурӯҳҳои махсуси ниҳодҳои қудратии кишвар ин балворо зуд пахш намуда, ҷинояткоронро ба сазои аъмолашон расонданд.
Дар масъалаи ҳифзи марз таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таҳкиму тақвият додани сарҳади давлатӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ рӯйи даст гирифта, дар ин замина тадбирҳои мушаххас андешид ва меандешад. Чандин сол аст, ки сарҳади давлатӣ аз ҷониби неруҳои марзбонии миллӣ ҳифз мешавад. Дар ин муддат тавассути барномарезиҳои махсуси низомӣ ҷузъу томҳои марбута аз лиҳози фаннӣ ва ихтисосӣ муҷаҳҳаз гардида, техникаи пурқуввати ҳарбӣ дар маҳдудаҳои марзи давлатӣ чун сипар қарор гирифт. Қаблан баъзе коршиносон гумон мекарданд, ки бо рафтани сарҳадбонони Русия марзи давлатӣ заиф мешавад ва имкони убури сарҳад аз ҷониби неруҳои тахрибкори берунӣ як бар сад меафзояд. Вале, баръакси ҳолатро дар ин муддат мушоҳида мекунем ва мебинем, ки неруи сарҳадбони ватанӣ марзи давлатиро дар сатҳи зарурӣ нигаҳбонӣ мекунад ва сол ба сол дар самти мубориза алайҳи марзшиканӣ таҷрибаи бештар меандӯзад. Бинобар ин, воҳимаҳое, ки имрӯзҳо дар робита бо муқовиматпазир набудани неруи сарҳадбонии давлат меравад, асос ва пояи мантиқӣ надоранд ва, хушбахтона, ҳеҷ неруе ба сифати таҳдид бар манофеи миллӣ дар сатҳи сарҳадӣ - ҳудудӣ баромад карда наметавонад. Аз ин ҷост, баъзе доираҳои фикрӣ ва диние, ки имрӯз аз тариқи расонаҳо ва пойгоҳҳои иттилоотӣ ва таҳлилии хориҷӣ алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон матолиб интишор медиҳанд, воқеиятро таҳриф мекунанд. Махсусан, ҷонибдорону ҳавохоҳони ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИТ, ки дар хориҷ аз кишвар пинҳон шудаанд, аз бухлу ҳасади ин ки ба қудрат ва сиёсат нарасидаанд, дурӯғи ростнамо мебофанд ва дар расонаю сомонаҳо мепарокананд. Бастагӣ ба мафкураи бегона ва андешаи хурофотӣ як гурӯҳ муддаиёни қудратро, ки дар доираи тангу маҳдуди исломи сиёсии ҲНИТ мечарханд, савдоӣ кардааст. Аксари кулли мардуми тоҷик «ҷаҳли мураккаби наҳзатӣ» - ро дар ибтидои солҳои навадум хуб эҳсос кардааст ва намегузорад, ки дигарбора ин ҷаҳл рӯ занад ва мардумро бехонумон созад. Бо ин роҳ наметавон ба мақсад расид. Чаро ки дар пушти давлат ва Ҳукумати миллӣ халқи Тоҷикистон қарор дорад ва байти машҳури Сайидо далели бемантиқ будани назари муддаиён аст:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Рӯҳи мардум буд, ки тавассути муроҷиат ба давлат ва мақомоти қудратӣ ҲНИТ - ро шикаст ва аз саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ берун намуд. Замоне ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун аз ҳар тараф таҳдид мекунанд,  шахсиятҳои варзидае рӯйи кор меоянд, ки миёни омма аз маҳбубияти вижа бархӯрдор буда,  бо истифода аз таҷрибаи сиёсӣ, давлатдорӣ, фикрӣ, эҷодӣ, дар маҷмӯъ, ҳирфавӣ ва бо мадди назар гирифтани шароит ва вазъи минтақавию ҷаҳонӣ, ҷомеаро дунболи худ бурда, аз таҳдиду хатарот эмин медоранд. Дар чунин вазъи ногувори ташаннуҷи бозиҳои геополитикӣ ба хотири ҳифзу нигаҳдошти тамомияти арзӣ ва ҳувияти миллӣ дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шудан амри зарурат маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи мо ба шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ - Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълӣ ниёз дорад ва таҳти раҳбарии ӯ фазои сулҳу амният, суботу оромӣ ва ваҳдату якпорчагии миллиро барои имрӯзиёну ояндагон ҳифз менамояд. Таҳаввулоту пешравиҳоеро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза мушоҳида мекунем, пояҳои ҳамбастагии иҷтимоӣ ва мардумиро таҳким мебахшанд ва ин ҳолати таҳаввулиро дар бисёр кишварҳои шарқӣ наметавон мушоҳида кард. Аз ҳама муҳим, оромиш, субот ва амнияте, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармост, далели он аст, ки давлат дар симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шароит ва муҳити хуби иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба вуҷуд овардааст. Дар баробари ин, мардум дар атрофи Пешвои худ - Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, ба ин марди асили миллӣ эҳтиром қоиланд ва самимона дӯсташ медоранд.
Фаридуни ОРИЁӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2017    №: 245    Мутолиа карданд: 918
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед