logo

иқтисод

ЛАХШ. ПОЗАИ ДЕҲҚОН БА ЗАР ҒӮТИД

Кишоварзони ноҳия кишту парвариши зироатҳо, хусусан картошкаро  вусъат бахшида,  нисбат  ба дурнамо 142 гектар зиёд картошка кишт намуданд  ва   53618  тонна ҳосил ба даст оварданд.

Бо фароҳам гардидани техникаҳои кишоварзӣ, дорую нуриҳои минералӣ ва шароити обрасонӣ дар майдонҳои кишти  зироат корҳои агротехникӣ  сари вақт сурат гирифтанд ва онҳо мӯҷиби фаровонии ҳосил шуданд. Дар ҳама  бахшҳои хоҷагидорӣ  кишоварзон  аз ҳар гектар 230 то 250 - сентнерӣ картошка ғундоштанд. Ҳосили аз ҳама баланд дар хоҷагиҳои пешқадами ноҳия – «Лахш», «Бӯстон», «Сурхоб» ва «Қарамиқ» ба даст омад.
- Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати  васеъ намудани майдонҳои кишт ва ба ин васила афзун сохтани  ҳаҷми маҳсулот роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳа тасмим гирифтаанд, ки соли оянда замини кишти картошкаро ба 2,5 ҳазор гектар расонанд. Баробари ин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба захира ва таъмини пурраи кишоварзон бо тухмӣ диққати ҳамаҷониба дода мешавад, то деҳқонон бо роҳи худтаъминкунӣ  аз мушкилоти норасоии он  эмин бошанд.  Агар  барзгарон  бо тухмии маҳаллӣ киштро ба роҳ монанд,  вобастагии онҳо ба маҳсулоти воридотӣ  аз байн хоҳад рафт. Тухмии маҳаллӣ ба шароит бештар мутобиқ буда, аз навъи воридотии он аз ҷиҳати ҳосил камбуд надорад.  Истифодаи  он харҷи киштро кам намуда, ба  вусъат ёфтани картошкапарварӣ  ва афзоиши ҳаҷми маҳсулот мусоидат мекунад. Аллакай деҳқонон  ба ҳадди даркорӣ барои мавсими кишти  оянда тухмӣ захира кардаанд. Ба замми  анбору таҳхонаҳои  аҳолӣ дар ҳудуди ноҳия дар 11 анбори бузург маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст, - гуфт Ато Ҷӯрабеков, муовини аввали раиси ноҳия.
Ҳарчанд нишондиҳандаҳои истеҳсоли картошка ва зироатҳои дигари кишоварзӣ дар ноҳия кам нестанд, заминҳои доманфарохи диёр, ба монанди водиҳои  Қум, Чоргул, Сугат ва минтақаи Лахш  бо сабаби фарсудагии шабакаҳои обёрӣ  ва роҳҳои мошингузар самаранок истифода  намегарданд. Аз ин рӯ, суръат бахшидани кори обёрии заминҳо ва таъмини имконоти моддӣ – техникӣ бо мақсади бамаротиб зиёд намудани масоҳати майдонҳои кишт мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти ноҳия қарор гирифтааст.  Масъулони соҳа саъй доранд, ки шароитҳои мутобиқи табиӣ  ба пуррагӣ мавриди истифодаи кишоварзон қарор гиранд ва онҳо анборро аз маҳсулоти ватанӣ  пур гардонанд.
Бо вуҷуди мушкилиҳо Лахш ноҳияи пешқадами картошкапарвар буда, дар таъмини аҳолии мамлакат бо ин  маҳсулот ҳиссаи калон дорад. Танҳо давоми ду моҳи охир аз ҷамоатҳои деҳоти он  ба  шаҳру ноҳияҳои дигар  наздик ба 30  ҳазор тонна картошка интиқол дода  шуд.  
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2017    №: 246    Мутолиа карданд: 695

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед