logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ СААД

30 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.
Нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои аъзои СААД баъди баррасии вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти созмон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни таъмини амнияти кафолати мамлакатҳои аъзои созмон, инчунин, дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муайян карда шуданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба мушкилоти сайёра, таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавӣ ба амнияти кишварҳои аъзо ва зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷалб карда, иброз доштанд, ки афзоиши терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар назди мо вазифаҳои навро мегузоранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар диққати шариконро ба тақвият додани таҳкими ҳифз ва ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун марзи ҷанубии кишварҳои аъзои СААД ҷалб намуданд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки нақшаи амалигардонии Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ то соли ду ҳазору бисту панҷ ва қарорҳои имрӯз қабулшуда дар ҳалли масъалаҳои хеле душвор барои таъмини амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои созмон ҳиссагузор хоҳад буд.
Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Баёнияи муштараки сарони давлатҳои аъзои СААД доир ба 25 - солагии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 - солагии таъсисёбии СААД қабул гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2017    №: 246    Мутолиа карданд: 1051
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед