logo

сиёсат

РАМЗИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

Парчам таърихи беш аз чорҳазорсола дорад. Парчамҳои нахустин дар Эрони Қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аввалин парчами қадимаи тоҷикон Дирафши Коваён ном дошт, ки онро Ахтари Коваён низ хондаанд.
Дар деворнигораҳои Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри VII мансубанд, тасвири парчами Суғдиёнро метавон мушоҳида кард (секунҷа). Парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ истифода мешуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои Парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 - и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5 - и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд. Тоҷи баландиаш 0,55 - и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 - и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2 - и рахи сафед васл мегарданд.
Дар Парчам ҳар як ранг маънии худро дорад. Ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисории  халқ баҳри  озодӣ ва истиқлол аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, осоиштагиву сулҳ,  имрӯзу ояндаи  дурахшони мост. Ранги сабз бошад, нишони сарсабзӣ, нумӯъ ва сарбаландӣ, некию хуррамӣ мебошад. Мазмуни рангҳои Парчами давлатӣ аз китоби муқаддаси «Авесто» сарчашма мегирад.
Дар кишвари мо соли 2011 воқеаи фараҳбахше рух дод, ки барои сокинони кишвар мояи ифтихор ва сарбаландӣ гардид. 30 - юми августи соли 2011 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 - метра (60 х 30 метр) насб карда шуд ва ба китоби "Рекордҳои Гиннес" дохил шудани он ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносии ҳамватанони моро  боз ҳам бештар мегардонад.
Сафар ЭРКАЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 1024
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед