logo

иқтисод

«НОҚИЛИ ТАЛКО». БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН БОВАР ДОРЕМ!

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» айни замон ноқилҳои қуввагӣ, назоратӣ, пайвасткунанда, ноқилҳо барои таҷҳизи таҷҳизоти маишӣ, хатҳои интиқоли барқи шиддаташон миёнаи аз 10 то 35 киловаттро истеҳсол мекунад. Корхона дар 1 сол то 8 ҳазор тонна калобаи алюминий ва наздики 4 ҳазор тонна маъдани мисро коркард менамояд.
- Сиёсати дурандешонаи хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон хубтару беҳтар гардад, - гуфт Юсуф Шоҳиён, сарвари корхона.
- Охири моҳи октябр байни соҳибкорони ду кишвар нишасте баргузор гардида буд, ки дар он мутахассисони корхонаи мо ҳам фаъолона иштирок карда, маҳсулоти худро ба онҳо пешниҳод намудем. Бо як қатор ширкатҳо дар алоқа буда, шартномаҳо дар арафаи баимзорасианд. Аз ин ширкатҳо ашёи хоми мис ва пластикат дастрас хоҳем кард. Дигар ашёи хоми барои истеҳсолот заруриро аз Чин, Русия ва дигар кишварҳо ворид менамоем. Барои тавлиди як ноқили баландшиддат 6 – 7 ашёи хоми хориҷиро истифода мебарем.
Шароити кор хуб аст. Ҳоло дар корхона 83 коргар фаъолият дошта, музди меҳнати миёнаи онҳо 2586 сомониро ташкил медиҳад. Коргарон дар ду баст банди коранд ва дар сурати будани ашёи хом имкони дар се баст ҳам кор карданро дорем. Харидори маҳсулоти мо асосан Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» мебошад.
Чанд рӯз пеш намояндаҳои якчанд ширкати Ҷумҳурии Туркманистон меҳмони корхонаи мо буданд ва бо ҷараёни кори хатҳои истеҳсолот шинос шуданд. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамкориро густариш дода, барои онҳо ноқилҳои луч истеҳсол кунем. Ин доду гирифт бо бастани қарордоди тарафайн сурат хоҳад гирифт. Бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ҳамкорӣ дорем. Дар асоси як шартнома ба маблағи 1 миллиону 586 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва ба онҳо пешниҳод кардем.
Ҳоло ҷиддан тайёрӣ дида истодаем, ки дар истеҳсоли ноқилҳо барои хати баландшиддати CASA - 1000 иштирок кунем. Имкон дорем, ки  ҳаҷми зарурии ноқилҳои барои ҳудуди Тоҷикистон лозимро сари вақт  истеҳсол намоем.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 177

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин дар интихоботи президентӣ иштирок хоҳад кард

Сурия аз ҷангиёни «ДИ» пурра озод карда шуд

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд

Назарбоев татбиқи лоиҳаи «Қазоқистони рақамӣ» - ро муҳим меҳисобад

Калонтарин ҳавопаймои дубаҳра ба парвози нахустин омода аст

Олимон скелети одами 3,6 миллион - соларо барқарор карданд

05.12.2017


Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Иштироки Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалӣ

Ифтитоҳи Маркази илмиву фарҳангии Русия дар Хуҷанд

Бунёди мактаб дар Рошорв

Як нишасти муҳим

Дастаи «Хуҷанд» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон

СММ: «Дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир якбора афзуд»

Маркази нави байналмилалии «Остона» ифтитоҳ меёбад

Физикҳо барои харитаи кайҳон 3 миллион доллар мукофот мегиранд

Биткоин - шашумин арзи дунё

04.12.2017


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси вазирони корҳои хориҷӣ

Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ

Мизи мудаввар дар Маҷлиси намояндагон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои рушди маориф дар Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед