logo

ҳуқуқ

СУҒД. ЯК ҶАЛАСАИ МУҲИМ

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят доир гардид.

Дар ҷамъомад ҳолати иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020», ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» дар қисмати пешбурди парвандаҳои кофтуковӣ нисбат ба шахсони ҷиноятҳои хусусияти террористӣ - экстремистӣ содирнамуда дар 10 моҳи соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов дар ифтитоҳи ҷаласаи шӯро  қайд кард, ки «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020», ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
Гуфта шуд, ки санҷишҳо ва ҷамъбасти амалишавии Стратегияи миллӣ як қатор камбудиҳоро дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аз қабили дастрас нашудани Стратегияи миллӣ ба мақомоти поёнии ҳокимияти давлатӣ, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар навбати худ дастрас накардани нақшаи дохилиидоравӣ ба шуъбаву бахшҳои дахлдор ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак ва аз ҳама асосиаш ба таври зарурӣ иҷро нагардидани талаботи Стратегияи миллӣ аз ҷониби масъулон мебошад.
Сипас, вобаста ба ин масъала гузориши сардори шуъбаи муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Суғд, Тавакал Файзуллозода  шунида шуд.
Қайд гардид, ки иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла дар самти гузарондани семинар - тренингҳо оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм, ташкили барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, тамоюлҳои экстремизм ва терроризм, ҷиҳати ба Ватан баргардондани ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълимоти динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати динии имомхатибон ва ғайра ба талабот ҷавобгӯ нест.
Аз натиҷаи муҳокимаи масъала қарори дахлдор қабул шуда, масъулон муваззаф шуданд, ки ба иҷрои Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалҳо доир ба амалишавии он ҷиддӣ муносибат намуда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Ҷовиди АШТӢ,   «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 475

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед