logo

энергетика

САРФАИ БАРҚ. ЧАНД МАНФИАТИ ЯК ИҚДОМ

Тавре аз раёсати назорат ва тақсимоти барқи ШСХК «Барқи тоҷик», иттилоъ доданд, дар давоми бист рӯзи охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ба хонаҳои истиқоматӣ додани гармӣ 10,7 миллион киловатт - соат неруи барқ сарфа гардид.
Дар фасли тирамоҳу зимистон бо назардошти ба мардум додани барқи бемаҳдуд сарфаю сариштакорӣ хеле муҳим аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали рушди соҳаи энергетика ба риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи ин сарвати миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соли 2009 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала ба мардуми кишвар дастури хеле муҳим ва асоснок доданд. Бар замми ин, аз 24 апрели соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расид.
Тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат дар самти таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ ва ниҳоят барои расидан ба ҳадафи стратегӣ -  истиқлолияти энергетикӣ кам нестанд. Ҷавобан аз ҷониби аҳолӣ риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ  ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ, ки нишони маданият ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини кишвар ба ҳисоб меравад, имконият медиҳад, ки мо, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ муваффақ гардем. Зеро сарфакорӣ худ аз оила оғоз меёбад. Аз рӯйи таҳлили энергетикҳо қариб 30 дарсади хароҷоти энергия ба фаъолияти хоҷагидорӣ рост меояд. Пардохти ҳаққи хидмат барои истифодаи об, газ, гармӣ, хусусан неруи барқ дар хароҷоти буҷети оила нақши асосӣ доранд. Ба ин хотир, сарфаи неруи барқ беҳтарин воситаи муътадил нигоҳ доштани буҷети оила мебошад. Қариб дар ҳама хона таҷҳизоти зарурии рӯзгор - яхдон, телевизор, мошинаи либосшӯӣ, компютер, чойники барқӣ ва амсоли инҳо бо истифода аз неруи барқ ба кор бурда мешаванд. Аз ин рӯ, нафаре агар ба сарфаи барқ бо таҷҳизоти камхарҷи барқӣ ва оқилона кор фармудани он диққати ҷиддӣ диҳад, метавонад хонаро гарм нигоҳ дошта, захираи буҷети оиларо низ ғанӣ гардонад.
Бояд гуфт, ки дар системаи энергетика механизми кор бо назардошти баҳисобгирии даромад ва хароҷот, аз сарфакорона истифода бурдани барқ ва сари вақт пардохт намудани  маблағи ҳаққи барқи истифодашуда вобастагии зич дорад.  Агар аҳолӣ маблағи барқро пурра пардохт намояд, аз ҳисоби ин маблағҳо ба роҳ мондани таъмир ва азнавсозии хатҳои интиқоли барқ, ки бештари онҳо корношояманд, барои коҳиш ёфтани талафоти барқ мусоидат мекунад.
Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 14 миллиарду 750 миллион киловатт - соат неруи барқ истеҳсол шуд, ки 16,3 дарсади он талаф ёфтааст.
О. ГУЛБЕРДИЕВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 5049

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед