logo

номаҳо

МО АЗ ВАТАНИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ!

Ман чун як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон кишвари маҳбуби худро баробари имрӯз гуворову шукуфо ва ободу осуда буданаш, боз ҳам дурахшону пешрафта эҳсос менамоям. Ҳар як иқдом ва нақшаҳои бунёдии кишварамон, ки бо ҳидоятҳо, дастуру супоришҳои Пешвои миллат рӯйи кор меоянд, ҳар сокини диёри арҷмандамонро ифтихормандӣ, болидагӣ ва дилпурӣ мебахшанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои зиёд ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд. Амали ҳамаи онҳо дар беҳбуди ҳаёти мардумони мо нақши басо зиёд гузоштанд, аз ҷумла ду қонуни миллии мо – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».
Бояд зикр бикунам, ки ҳамчун дӯстдори табиату мардуми кишвар ҳар сол дар як ва ё ду шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азиз ба сафар  мебароям, ба манзараҳои зебо, ҷараёни обҳои мусаффо ва рӯзгорони мардум шинос мешавам, бо ҳамсолони худ суҳбат мекунам. Аз ҷумла, ба ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз қариб, ки ҳар сол меравам. Ба Гармчашма низ меравам, он ҷо табобат ҳам мегирам.
Мардуми соҳибистиқлоли кишварамон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ тамоми саъю кӯшиши хешро ба он равона намуда истодаанд, ки иқтидори мудофиавӣ ва иқтисодии мамлакатамон боз ҳам пурқувваттар гашта, Ватани азизамон дар радифи мамлакатҳои пешрафтаву мутараққӣ ҷой бигирад.
Бори дигар зикр менамоям, ки ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватани ободу озод ва шукуфо, аз ин миллати фарҳангсолор ва тамаддуни ҷаҳонӣ менамоем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва фазои орому осоиштаи комил умр ба сар мебарам, бо як ҷаҳони пурнишот зиндагӣ мекунам, аз неъматҳои бузурги Ватани аҷдодиамон баҳраманд мегардам.
Баҳром Алӣ АҲМАДЗОДА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 948

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед