logo

иқтисод

СОЛИ 2018. ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ҶОДАИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми пешгирифтаи хеш тавонистанд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба мушкилоти об бештар ҷалб намуда,  дар заминаи он гузарондани ҳамоиш, конфронсу симпозиумҳои байналмилалии сатҳи баланд, актуалӣ будани масъалаи обро дар ҷаҳон  арзёбӣ кунанд. Ҳарчанд дар доираи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масоили об пешрафт зиёд бошад, вале дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз проблемаҳои вобаста ба об зиёданд. Тақрибан 1 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Дар ҷумҳурӣ бештар сокинони деҳот аз норасоии об танқисӣ мекашанд.
Ин ва дигар масъалаҳои муҳим вобаста ба об дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯбаи тартиботи мавҷудаи муҳокимаҳои васеъ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Соли 2018, ки оғози татбиқи барномаи даҳсола барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад, аз тамоми сохторҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дохилию хориҷӣ дар роҳи ислоҳоти куллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи об масъулияти баланд ва кори пурмаҳсул талаб карда мешавад. Дар ин бора Анатолий Холматов, ҳамоҳангсози гурӯҳи кории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, ки ислоҳот дар доираи ҳадафҳо ва Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025 бо таҳияи қонунҳо ва дастурамали вобаста ба оби нӯшоӣ, беҳдошти замин, тарифҳои бахши таъминот бо об, хусусан дар деҳот, фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, андозбандӣ ва таҳияи Кодекси нави оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Ғайр аз ин, аз оғози фаъолияти даҳсола диққати  бештар ба гузарондани мониторинг ва чорабиниҳои омӯзишӣ, барқарорсозии инфрасохтори бахши коммуналӣ ҷиҳати камсозии талафи об, захира ва таъминоти аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшоӣ бо маблағҳои буҷетӣ 69,2 миллион сомонӣ ва сармоягузории хориҷӣ 1,8 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. 
Азбаски манбаи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ пиряхҳо мебошанд,  масоили ҳифз ва нигоҳдории онҳо муҳим арзёбӣ гардид.
- Мушкили асосӣ набудани имконият барои гузарондани мониторинги пиряхҳо, ки ҳанӯз солҳои 50 – уми асри гузашта натиҷаи дақиқ доштанд, ба ҳисоб меравад. Алъон барои омӯзиш ва пайваста назорат бурдани пиряхҳо пажӯҳиши илмию амалӣ зарур аст, - гуфт Зайналобуддин Кобулиев, директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номбурда пешниҳод мекунад, ки  дар баробари амалисозии барномаҳои давлатии ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо ва тайёр кардани мутахассисони баландпоя зарурати таъсиси институти алоҳидаи пиряхшиносӣ пеш омадааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таъсири манфӣ расонда, боиси сол ба сол зиёд шудани офатҳои табиӣ гардидааст. Аз ин рӯ, фаъолият ва назорати институти пиряхшиносӣ ва марҳила ба марҳила бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои кӯҳистон гармиро муътадил нигоҳ дошта, хавфи сар задани офатҳои табииро коҳиш медиҳад.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 175

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин дар интихоботи президентӣ иштирок хоҳад кард

Сурия аз ҷангиёни «ДИ» пурра озод карда шуд

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд

Назарбоев татбиқи лоиҳаи «Қазоқистони рақамӣ» - ро муҳим меҳисобад

Калонтарин ҳавопаймои дубаҳра ба парвози нахустин омода аст

Олимон скелети одами 3,6 миллион - соларо барқарор карданд

05.12.2017


Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Иштироки Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалӣ

Ифтитоҳи Маркази илмиву фарҳангии Русия дар Хуҷанд

Бунёди мактаб дар Рошорв

Як нишасти муҳим

Дастаи «Хуҷанд» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон

СММ: «Дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир якбора афзуд»

Маркази нави байналмилалии «Остона» ифтитоҳ меёбад

Физикҳо барои харитаи кайҳон 3 миллион доллар мукофот мегиранд

Биткоин - шашумин арзи дунё

04.12.2017


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси вазирони корҳои хориҷӣ

Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ

Мизи мудаввар дар Маҷлиси намояндагон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои рушди маориф дар Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед