logo

иқтисод

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ЗИНДАГӢ РАНГИ ДИГАР МЕГИРАД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар даҳ моҳи соли равон баҳри устувор гардондани иқтисодиёту истеҳсолоти ноҳия ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум корҳои зиёдеро ба сомон расондааст.

Дар ин замина иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет 103 фоизро ташкил дода, ба буҷети ноҳия беш аз 27 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ба ҷойи 8 миллиону 63 ҳазору 421 сомонӣ, 9 миллиону 616  ҳазору  970  сомонӣ иҷро шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 7 миллиону 626 ҳазору 400 сомонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид. Дар ҳаҷми 82,1 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол шуд.
Ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо соҳибкорони ноҳия низ чанд соли охир самари дилхоҳ медиҳад. Ин аст, ки бо саҳми соҳибкор М. Сулаймонов чор километр кӯчаи шаҳраки Совет асфалтпӯш шуда, дар маркази шаҳрак хиёбон - гулгашти замонавӣ бо насби 3 фаввора бунёд гардид. Дар маркази ноҳия низ аз ҳисоби ин соҳибкори муваффақ осоишгоҳи замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Айни ҳол сохтмони роҳи мошингард аз Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимов то Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара ба масофаи 21 километр босуръат идома дорад. Дар ҳамин мавзеъ кашидани хати оби нӯшиданӣ низ дар нақша аст.
Айни замон бо роҳи ҳашар дар деҳаҳои Офтобрӯя ва Яккасадаи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус сохтмони биноҳои маркази саломатӣ, клуб ва китобхона идома дорад. Бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, меҳмонхона, корхонаи мебел, бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ, ду иншооти баландошёнаи маркази хизматрасонӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт, маркази хизматрасонӣ ва корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва доруворӣ дар Ҷамоати шаҳраки Совет вусъати тоза мегиранд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, дар маркази ноҳия биноҳои қасри фарҳанг, маҷмааи варзишӣ, хобгоҳ барои 150 нафар хонандаи лаёқатманд дар назди гимназияи давлатӣ ва бинои нави шуъбаи амният қомат афрохтанд.
Дар ин давра лоиҳаҳои бунёди гармхонаи таҷрибавӣ - истеҳсолӣ, таъсиси маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ, харидани таҷҳизот барои бунёди коргоҳи мевахушккунӣ дар Ҷамоати шаҳраки Совет, дастрасии мардуми Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бо оби полизӣ ва ташкили маркази техникаи кишоварзиро дар назди Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба маблағи 162,1 ҳазор доллар таҳия ва ба озмунҳо пешниҳод намудем, ки айни ҳол амалӣ шудаанд. Инчунин, лоиҳаи «Таъсиси гармхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Темурмалик», ки ташкилоти ҷамъиятии «Бону» ба маблағи 18,9 ҳазор доллар пешниҳод намуд, дастгирӣ ёфта, сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагидорӣ ба 102,6 фоиз расонда шуд, ки дар  қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 679 ҳазору 400 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 26 - сентнериро ташкил додааст. Ҳоло дар ноҳия 890 гектар боғ ва 328 гектар токзор мавҷуд мебошад. Соли равон дар майдони 65 гектар боғи нав бунёд гардида, 16 гектар боғҳои куҳна барқарор шуданд.
Бовар дорем, ки ноҳияи Темурмалик бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватандӯст дар ояндаи наздик ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил гардида, ба ин васила сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.
Эмомиддин АСЛЗОДА,
раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 482

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед