logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАВТАРИН БОЗТОБИ ТОҶИКШИНОСӢ

Забони миллӣ пояи асосии ҳастӣ ва ҳувияти ҳар як халқу миллат ба шумор меояд. Аз ин хотир ва бо мақсади рӯнамоии таъриху тақдири забони тоҷикӣ, ки таъриху тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик низ маҳсуб меёбад, Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, китоберо таҳти унвони «Забони миллат - ҳастии миллат», ки бо сабки илмию оммавии қобили фаҳми табақоти мухталифи ҷомеа навишта шудааст, манзури соҳибзабонон ва алоқамандону ихлосмандони забони тоҷикӣ намоянд.
Таърихи забони тоҷикӣ диққати олимони зиёди Аврупову Осиёро ба худ ҷалб намуда, дар ин замина пажӯҳишҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале «Забони миллат - ҳастии миллат» аз аввалин китобҳои ҷомеъ ба забони тоҷикист, ки роҳи тайнамудаи забони моро бо ҳама шебу фароз бозгӯӣ мекунад.
Сарвари давлат аз истиқлолият ва имкониятҳои он барои худшиносиву худогоҳии миллӣ сухан карда, ба бардоште мерасанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи забон ва эҳтирому арҷгузории он ба ҳадде мубрам гардид, ки «онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид». Аз дигар тараф, маҳз истиқлолият имкон фароҳам овард, ки «омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷиши дӯстон» ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем». Дар ин замина метавон гуфт, ки аз беҳтарин ва нодиртарин таҳқиқотҳо, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар мавриди таърихи забони миллӣ анҷом ёфтааст, бегуфтугӯ, китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» маҳсуб меёбад.
Муаллиф хосияти баҳамоварӣ ва ваҳдатофарии забони тоҷикиро, ки «на танҳо лаҳҷаву забонҳо, балки қавмҳои ҳамнажоду хешовандро дар атрофи як забони умумӣ - забоне, ки барои ҳеҷ кадоми ин қавмҳо бегона набуд, ҷамъ оварда, заминаро барои падид омадани забони адабии тавоно ва ташаккули миллати ягонаву воҳид муҳайё сохт», - махсус таъкид менамоянд.
Сифати дигари  забони тоҷикӣ, ба эътирофи Сарвари давлат, тавоноӣ ва рақобатпазирии он ба шумор меояд. Мақсад аз таълифи ин асари ҷомеъ огоҳу бедор сохтани соҳибзабонон ва махсусан насли ҷавон аст, зеро ниёгони мо новобаста ба номеҳрубониҳои таърих дар ҳифзи Ватан ва бавижа забони миллӣ бархоста, забони пуртавонеро ба мерос гузоштаанд. Имрӯз «вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд».
Муаллиф дар мавриди забони тоҷикӣ, ки аз оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ маҳсуб ёфта, бо забонҳои санскрит, юнонӣ, лотинӣ, готӣ, келтӣ ва авестоӣ (зандӣ) қаробат дорад, баҳс оростаанд.
Инчунин, асар ба давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ ихтисос дода шудааст. Бо вуҷуди он ки дар ин маврид осори зиёди илмӣ рӯи кор омада, мутахассисон ақидаҳои худро манзури аҳли илм намудаанд, «ҳанӯз ҳам масоили барои тамаддун ва фарҳанги халқҳои эронинажод ва махсусан халқи тоҷик муҳиму сарнавиштсоз саҳифаҳои норавшан зиёд дорад ва бархе масъалаҳои мубраму бунёдӣ баҳснок буда, таҳлилу таҳқиқи илмиро хоҳонанд» ва «мо - ворисони забони модариро лозим аст, то сатрҳои заррини осори таърихии хешро, ки аз гузаштаҳои дур ба мерос мондаанд, бештар омӯзем ва ҳамчун ганҷи арзишманди сарвати миллӣ ҳифз намоем» - таъкид медоранд Сардори давлат.
 Дар маҷмӯъ, асари ҷомеи «Забони миллат - ҳастии миллат» аз дастоварди навтарини илми тоҷикшиносӣ маҳсуб ёфта, ба худшиносиву худогоҳии миллии тоҷикон равона шуда, имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар ин рисолатро адо хоҳад кард.
Мӯсо ОЛИМҶОНОВ,
номзади илмҳои филология, дотсенти
кафедраи забони тоҷикии ДДХ  ба номи академик Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 1438
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед