logo

сиёсат

ПАНОҲГОҲИ СИЁСӢ Ё МАҶРОИ ҶАДИДИ ҚАЛЛОБӢ…

Аҷаб дунёву аҷаб рӯзҳоеро инсон мебинаду аҷаб воқеаҳоеро шоҳид мешавад. Шоҳид бар оне, ки иддае ҳамнафасу ҳамсафар ва ҳамватани хешро ба хотири сармояву пул аз байн мебаранд, туҳмат мекунанд ва тақдири як миллатро ба нестӣ мекашонанд. Бе ибо бо ин ҳама найрангу пастсифатӣ худро пайравони дини мубини Ислом ва мазҳаби поки ҳанафӣ мешуморанд, вале дар асл хиёнаткорони дину мазҳаб ва миллату дин мебошанд. Агар ба нудрат нигоҳ намоем, ин ҳама ҳолатро дар кирдору аъмоли пайравону аъзои ташкилоти террористию экстремистии наҳзат шоҳид мешавем, ки чӣ гуна аз оғози бунёди худ барои ҷамъоварии маблағ ва гундоштани сармояи мардумон иқдом намуда, то имрӯз ин «рисолат» - и инсонфурӯшӣ, сарватғундорӣ ва бардасозии хешро дар ҳар шаклу тарз ва усулҳои гуногун идома медиҳанд.

Агар ба таҳқиқ таърихи ин ташкилоти экстремистию террористиро назар намоем шоҳид мешавем, ки саркардагони ин ташкилот дар оғози истиқлолияти Меҳан худро чун мунҷиву раҳнамои халқ нишон дода, мардуми заҳматпешаи тоҷикро аз майдони кору касабаи худ ба ҷонибдории хеш ба майдонҳо кашонда, сармояву сарвати мардумро тавассути воизони тахрибкору омодашудаашон бо баҳонаи «роҳи Худову расул» ба манфиати худ ҷамъоварӣ намуда, даҳҳо ва ҳатто садҳо ҷувол пули мардумро миёни худу пайравону ҳамсафонашон қисмат намуда, миллатро ба хотири сармоя ба ҷангу хунрезию хиёнат кашонданд. Барои ин тариқа, ки аҳдофашон ҷуз сарватғундорӣ чизи дигаре нест, ҳатто Ватан ва миллатро фаромӯш намуда, кишварро ба вартаи нестӣ ва миллатро ба гурӯҳҳову маҳалҳо тақсим намуданд. 
Чун сармояи мардум ба интиҳо расид ва дигар дар ҷайби миллат сармоя намонд оғоз намуданд ба талаву тороҷи муассисаҳои молиявии кишвар. Бонки миллӣ, вазорати молия, кумитаи андоз, корхонаҳои равғанбарорӣ, пахтатозакунӣ ва бофандагию ресандагиро бо зӯри силоҳу бо василаи оятҳои каломуллоҳ ғорат намуда, то охирин сармояи давлатро ба нестӣ бурданд ва миллатро ба оворагию бечорагӣ водор намуданд. Аҷаб аст, ки ин тоифаи қаллоб бо зӯри силоҳ аз хазинаи давлат сармояи давлатро – моликияти миллатро ғорат намуда, аз хориҷи кишвар қотилону зархаридони афғону чечену арабу туркро ба хоки поки Тоҷикистон даъват намуданд, то ҳаммиллатони худро қир намоянд. Вале имрӯз боз ниқоби худро як тараф намуда, дод аз миллату давлату адолату ҳуқуқ мезананд, вале то ҳол миллати шарифи тоҷик фаромӯш накардааст, ки чӣ гуна ин тоифа дар Афғонистон барои кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои хориҷӣ, ки ба номи муҳоҷирон меомаданд, байни якдигар ҷангу ситеза намуда, ин маводи ғизоию дорувориро, ки  ҳаққи гурезагон буданд, дар бозорҳои Қундузу Тахору Ҳирот ба фурӯш гузоштанд.
Наҳзатиён аз кишварҳои хориҷӣ ва махсусан, сарватмандони арабтабору покистониҳои олигарх маблағҳои бузургро ба номи оилаҳои гурезашуда ва «ҷанговарони роҳи ҳақ» ба даст оварда, ин маблағҳои бузургро ба манфиатҳои нопоки хеш истифода мебурданд ва барои хешу ақрабои хеш дар хориҷ манзилу бӯстонсаро мехариданд ва пайравонашонро ба тиҷоратҳои бузург раҳнамун месохтанд. Аммо бар номусу нанги ҷавонони фиребхӯрда, ки дар роҳи ин нобакорон кушта шудаанд хиёнат карда, ҳамсарону духтарони он ҷавонони қурбониро барои истифодаи шаҳвонӣ ва таскини нафси ғализи худ сафарбар мекарданд. Ҳатто аз сарнавишти ҷавонони тоҷик ба хориҷиён гузориш дода, пулу сармоя ба даст меоварданд. Ба истилоҳи дигар, ин гурӯҳ на ҳомию ғамхор, балки қаллобу миллатфурӯше мебошанд, ки хуни миллатро ба хориҷиён ба савдо гузоштаву номусу нанги занону духтарони миллатро қурбони хостаҳои сиёсӣ ва иқтисодии хеш намуданд. То ҳол садои духтаракони тоҷик аз он сӯи марз ба гӯш мерасад, ки чӣ гуна бо зӯри силоҳ аз дохили хаймаҳо афғонҳои ҳашишӣ бо худ мебурданд. Вале ин лошахӯрон чун вобаста буданд, фурӯхташуда буданд, мулзам нишаста, миллатро ба ҷанги зидди тоҷик, балки зидди худ даъват менамуданд.
Баъд аз сулҳи кишвар, Ваҳдати миллии сартосарӣ ва бозгашти гурезагон ба Меҳан ин тоифа барои худ боз созмону ташкилотҳо бунёд намуда, барои ҷобаҷошавии гурезагон аз мавлоҳои хориҷияшон сарвати зиёд гирифта, маблағҳоро ба манофеи хеш истифода намуданд. Яке барои худ қасрҳо бунёд намуда, дигаре корхонаҳои истеҳсолию пахтатозакуниро шахсӣ намуд. Ҳатто мағозаи молҳои кӯдаконаи Душанберо сарвари ин гурӯҳ барои худ ва фарзандонаш хусусӣ намуда, кӯдакони ятими ҷавонони фиребхӯрда, мурдағарибони миллат, занону духтарони бевамондаро аз ёд бароварданд ва танҳо барои худ сармоя ғундоштанду халос. Фарзандонашон дар бузургтарин донишгоҳу донишкадаҳои хориҷа таҳсил менамоянд, вале боре аз ятимон ёд накардаанд. Боз ҳам давлати Тоҷикистон ин атфоли  бо айби ҳамин гурӯҳ ятиммондаро ба сарпарастӣ гирифта, хӯронду пӯшонду соҳибмаълумот кард.
Ин гурӯҳ, баъд аз оне, ки дигар дар дохили кишвар касе ба найрангҳояшон бовар намекард ва мардум аз пушташон намерафтанд, ба рақобатҳои сиёсӣ тоб наоварданд. Чун мардум дарк намуда буд, ки ҳадафашон на хизмат ба мамлакату Ватан, балки ҳадафи онҳо пулу сарват аст. Маҳз рӯҳияи беэътиноӣ ин гурӯҳро аз боварии миллат берун кард ва дар маъракаи интихоботи соли 2015 комилан шикаст хӯрд.  Саромадони гурӯҳ ин шикастро таҳаммул карда натавонистанд ва даст ба силоҳ шуда, хиёнаткориро пеша намуданд ва хостори ғасби ҳокимият ба воситаи силоҳ шуданд. Вале чун ҷонибдории иҷтимоӣ надоштанд ва миллат ба фанду фиреби онҳо бовар намекард, зуд шикаст хӯрданд ва иддае дастгир гардида, иддаи дигар роҳи хориҷаро пеш гирифтанд ва дар кишварҳои хориҷӣ худро чун паноҳандаи сиёсӣ ба қайд гирифта, аз давлатҳои аврупоӣ идрорпулии паноҳандагӣ мегиранд ва чун саги занҷирбанд ҷониби Тоҷикистони орому осуда аккос мезананд.
Акнун хабарҳое низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегардад, ки ин «роҳнамову роҳкушоён» дар хориҷа низ ором нанишаста, барои сарватғундорӣ ва мақоми паноҳандаи сиёсӣ додан, ба мардуми тоҷиктабори Аврупо аз онҳо то 3000 доллар маблағ ситонда ба асноди ин шаҳрвандон Муҳиддин Кабирӣ, имзои худро мегузоштааст. Яъне, ҳар нафаре, ки мехоҳад мақоми паноҳандаи сиёсиро дар кишварҳои аврупоӣ ба даст биёварад, бо супурдани 3000 доллар ба нафарони Кабирӣ, ҳатман асноди паноҳандаи сиёсиро ба даст меорад. Ҳарчанд надонад, ки сиёсат чисту паноҳанда кӣ? Барои Кабирӣ низ, ки пайрави мактаби миллатфурӯшист, ин ҷузъиёт муҳим нест. Муҳим сарват аст, ки бояд ҷамъоварӣ шавад...
Нодир ЗИЁ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2017    №: 249    Мутолиа карданд: 961
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед