Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР Новости. Президенти Русия Владимир Путин 11 декабр ба Миср сафар мекунад.
Gazeta.ru. Вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар ҷараёни мулоқоти Вена мушкилоти Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Сурия ва Украинаро баррасӣ намуданд.
АИР Новости. Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон ҳамтои руси худ Владимир Путинро воқиф сохт, ки 13 декабр дар Истанбул ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ доир ба масъалаи мақоми Байтулмуқаддас даъват мешавад.
АИР Новости. Ҳукуматдорони Чин бинобар суқути тайёраи бесарнишини ҳиндӣ дар қаламрави мамлакат эътироз баён намуданд.
«Российская газета». Соли 2017 хисорот аз ҷиноятҳои коррупсионӣ 10,3 миллиард рублро ташкил дод, - гуфт раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин.
Gazeta.ru. Ҳамлагари тими «Реал» - и Мадрид ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду чун футболбози беҳтарини сол маротибаи панҷум сазовори «Тӯби тиллоӣ» - и маҷаллаи фаронсавии «Франс - футбол» гашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 230