Хабарҳо
Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт
Ростбалт.ру. Майра Росареси мексиягӣ, ки 499 килограмм вазн дошт, ҳодисаи ҳайратангези харобшавиро аз сар гузаронд.
Барои куллан тағйир додани тарзи ҳаёти худ, ки бинобар фарбеҳӣ рӯи кат «баста шуда буд», ӯро фоҷиаи оилавӣ водор сохт. Зан мегӯяд, ки бинобар вазни беандозаи худ боиси ҳалокати ҷиянаш шуд.
Дар 30 - солагӣ Майраро 11 маротиба ҷарроҳӣ намуда, вазни зиёдатиро, ки ҳаракаташро маҳдуд месохт, бурида партофтанд. Ҳамчунин, ҷарроҳии хурдсозии ҳаҷми меъда гузаронда шуд. Дар натиҷа Росалес тӯли якчанд сол ба миқдори рекордии 403 кило хароб шуд. Айни замон зан 96 килограмм вазн дошта, худро хушҳол эҳсос мекунад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 265