Хабарҳо
Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»
ТАСС. Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал - Ибодӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Бағдод аз анҷомёбии ҷанги сесола дар мамлакат зидди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» башорат дод.
- Неруҳои мусаллаҳи мо сарҳади Ироқу Сурияро пурра назорат мекунанд ва дар ин иртибот ман ба охир расидани ҷанг зидди «ДИ» - иро эълом медорам, - гуфт сарвари давлат.
Охири моҳи ноябр фармондеҳии неруҳои мусаллаҳи Ироқ оғози поксозии маҳалҳои музофотҳои Анбар, Салоҳ - ад - Дин ва Найнаво аз боқимондаҳои ҷангиёнро эълон карда буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 247