logo

фарҳанг

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ҲУНАРҲОИ МИЛЛИИ МАРДУМӢ ЭҲЁ ВА РУШД МЕЁБАНД

Дар тамоми гӯшаву канори Ватанамон занону духтарон ба омӯзиши касбҳои ниёгон - атласу адрас ва қолинбофӣ ҷалб гардиданд. Ин иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ имкон медиҳад, ки занону духтарон соҳибкасб ва ин ҳунарҳои аҷдодӣ эҳё ва тарвиҷ ёбанду оммавӣ шаванд. Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чӣ сон ба роҳ монда шудааст? Перомуни ин мавзӯъ суҳбате доштем бо Гулҷаҳон Вазирова, муовини раиси ноҳия, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад:
- Соли равон ба воситаи филиали Маркази таълими калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 80 нафар духтар ба омӯзиши адрасбофӣ ва 60 нафар ба дӯзандагӣ ҷалб шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаҳои тахассусӣ гардид. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушду эҳёи ҳунарҳои миллии мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ ҷиҳати хариди ришта, ресмон ва дигар ашёи зарурӣ барои беҳтар намудани корҳои адрасбофии дастӣ маблағи муайяне ҷудо карда шуд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, бахшида ба Соли ҷавонон ва 25 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия  Фестивал - озмуни «Атласу адраси Суғд - 2017» баргузор гардид. Дар ин озмун касбомӯзони дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва бофандагӣ аз деҳаҳои Мадрушкат, Истошон, Эсиз ва Оббурдон бо маҳсулоти истеҳсолкардаашон ширкат варзиданд. Инчунин, занону духтарони ҳунарманд аз деҳаҳои Валиғонд, Истошон, Мадрушкат, Эсиз, Муждиф, Пастиғав, Падрох ва Оббурдон ҳунари худро аз рӯи чор номгӯи либос - идона, кӯдакона, рӯзмарра ва миллии қадима ба намоиш гузоштанд. Шарифамои Алиназар дар асоси лоиҳаи пешниҳоднамудааш оид ба рушди атласу адрасбофӣ дар деҳот ба гирифтани гранти президентӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ мушарраф гардид. Малоҳати Исроилдухт низ соҳиби гранти раиси вилоят шуд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Роғи Ҷамоати деҳоти Лангар коргоҳи хурди таълимию истеҳсолии адрасбофӣ ва дӯзандагӣ амал мекунад, ки дар он 30 нафар духтар касб меомӯзад. Қолинбофӣ дар деҳаҳои Эсиз ва Ҳатишаҳр ба роҳ монда шудааст.
- Ҳунарманд дар ҳама давру замон азизу мукаррам аст. Зеро ҳунар чашмаи зоянда асту давлати поянда, -  мегӯяд Гулҷаҳон Вазирова. Ва мисраъҳои зери Низомии Ганҷавиро ба хотир меорад:
Ҳунар омӯз к - аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Мунаввари САФАР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 458

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед