logo

сафарҳо

САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШОҲИГАРИИ ҲОШИМИИ УРДУН

9 декабри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳзода Алияи шаҳри Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, ки ба хотири ташрифи Сарвари давлати Тоҷикистон бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Шоҳигарии Ҳошимии Урдун самимона истиқбол гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
9 декабри соли 2017 дар рӯзи аввали сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти шаҳр баргузор шуд.
Пеш аз оғози вохӯрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ намоишгоҳи дастовардҳои мардуми тоҷик, аз қабили чакан, зардӯзӣ, аксу мусаввараҳои манзараҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва намунаи дигар анъанаҳои миллии халқи тоҷикро, ки аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташкил гардида буд, тамошо карданд.
Чорабинӣ бо садои сурудҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардид.
Дар мулоқот, ки дар бинои маъмурияти шаҳри Аммон баргузор гардид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар назди вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти шаҳр оид ба ҳадафи сафари нахустини расмӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии мардуми дӯсти Урдун изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун анъанаҳои деринаи муносиботи нек доранд.
Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун, бо такя ба алоқамандии амиқи таърихӣ, робитаҳои гуногунҷанбаи худро тавсеа бахшида, ҳамкориҳояшонро ба сатҳи сифатан нав хоҳанд баровард.
- Мо омодаем, ки дар якҷоягӣ бо ҷониби Урдун баҳри рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои судманди байни кишварҳоямон дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳем, - таъкид доштанд дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сипас, раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ дар бораи саҳми арзанда ва талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Урдун, инчунин, дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра суханронӣ карда, дар фазои тантанавӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим карданд. Ҳамин тавр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олӣ - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз барои саҳми арзанда дар густариши муносибатҳои дӯстӣ бо мардумони кишварҳои сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сазовори унвони Шаҳрванди фахрии якчанд мамлакати дигари ҷаҳон гардидаанд.


Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун
10 декабри соли 2017 нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Ал - Ҳуссайния оғоз гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сурат гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба анҷом расид.
Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Урдун дар вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати ҷониби Урдун ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо Урдунро ҳамчун давлати бонуфузи минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом эътироф мекунем ва ҷиҳати такмилу тавсеаи равобити ҳасанаи худ бо Шоҳигарии Ҳошимии Урдун омода ҳастем.
Ҷонибҳо зимни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду кишвар судовар, аз ҷумла соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, сайёҳиву  кишоварзӣ ва фарҳангу варзишро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба роҳ мондани ҳамкории манфиатовар дар бахшҳои саноати сабук, истихроҷи маъданҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва гидроэнергетика бо истифода аз имкониятҳои фарохи неъматҳои модии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳову металлҳои қиматбаҳо, металлҳои рангаву сиёҳ ва дигар маъданҳои кӯҳӣ, махсус таъкид карда шуд.
 Таъкид гардид, ки барои ба сатҳи ҷавобгӯ баровардани равобити дуҷониба, васеъ кардани заминаи ҳуқуқӣ ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бояд аз имконоту зарфиятҳои мавҷуда истифода бурда, аввалтар аз ҳама Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таъсис дода шавад. Роҳандозии муносибатҳои доираҳои соҳибкорӣ яке аз омилҳои асосии густариши ҳамкории васеи иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар номида шуд.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон имконоти хуби сайёҳиву кишоварзиро дорад ва Урдун метавонад аз ин неъматҳо самаранок истифода барад. Ҳамчунин, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебои нотакрори Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ҳар ду ҷониб барои истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар бахшҳои дигари манфиатовар, аз қабили дастовардҳои илмиву технологӣ, тиббу дорусозӣ, парвариши меваю сабзавот, зироатҳои техникӣ, истеҳсоли асал, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истифодаи самараноки оби тозаи ошомиданӣ изҳори омодагӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тиб, муҳандисӣ, илмҳои дақиқ ва кишоварзӣ имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи кофӣ дорад. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии олии мо донишҷӯёни кишварҳои гуногун бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шоҳигарии Урдун низ  метавонад дар соҳаи маориф ба хотири тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ҳамкорӣ намояд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, ҳар ду ҷониб масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкориҳои Исломиро баррасӣ карданд. Дар доираи ҳамкорӣ дар ин созмонҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби асри навин, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Афғонистон андешидани тадбирҳои муштараку дастаҷамъона зарур шумурда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳ II ибни Ҳусейн даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн дар толори “Маросим” - и Қасри Ал - Ҳуссайния санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун қабул гардида, санадҳои зерин имзо шуданд:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромад ва сармоя;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ.


Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ
10 декабр дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун баҳри тавсеаи ҳамкорӣ ва ба сатҳи баландтар баровардани онҳо имконоти фаровон доранд ва мо омодаем, бо дарназардошти манфиатҳои миллии ду кишвари дӯст, тамоми воситаҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳоямон истифода барем.
Ҷонибҳо зимни мулоқот аз имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ, ки бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва варзишу сайёҳиро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои имрӯза дар роҳи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Урдун бояд сохторҳо ва ниҳодҳои давлатии ду ҷониб робитаи зичу пурсамарро ба роҳ монанд.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи  созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баҳри таъмини амнияту субот дар кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳонӣ ва мусоидат ба пешрафти давлатҳои минтақаро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, инчунин, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гардид.
Баъди анҷоми мулоқоти созанда дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор кардани раводид барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ;
- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар соҳаи фарҳанг ва санъат;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун;
- Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба таъсис додани Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун.
Ҳамин тавр, зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба хотири таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Урдун Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун қабул гардида, дар маҷмӯъ 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2017    №: 251    Мутолиа карданд: 517

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед