logo

иқтисод

БОХТАР. МЕҲНАТИ АҲЛОНА САМАРИ БЕШТАР ОРАД

Дар натиҷаи андешидану амалӣ сохтани  тадбирҳои судбахш дар ин давра нақшаи даромади буҷети ноҳия 101,6 дарсад иҷро гардида, он ба ҷойи 26 миллиону 495 ҳазору 954 сомонии  нақшаи пешбинишуда  26 миллиону 907 ҳазору 837 сомонӣ  ворид гардид.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 951 миллиону 477 ҳазору 900  сомонӣ расонда шуд.
Дар шароити имрӯза соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содирот ба хориҷӣ кишвар ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад. Бо  ин мақсад мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба таҷдиди сохтори хоҷагиҳо, соҳиби саҳмгардондани онҳо, ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва соҳиби ҳақиқии замин гардидани деҳқонон аҳамияти хосса дода, дар заминаи хоҷагиҳои калон хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ташкил карда истодааст, ки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Кишоварзони ноҳия дар майдони 11481 гектар замин кишти пунбадона гузаронда, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани маъракаи пахтачинӣ дар ҳудуди ноҳия  истеҳсоли дурнамои супурдани пахтаро ба санаи 1 ноябри соли равон ба 25412 тонна расонданд, ки нисбати дурнамо 105, 2 фоиз ва нисбати соли гузашта 1263 тонна пахта бештар истеҳсол карда шудааст.
Ҳамчунин, кишоварзон дар  майдони 1954 га ғалладона, 1123 га сабзавот, 212 га картошка, 174 га зироатҳои полизӣ, 2574 га зироатҳои хӯроки чорво ва ғайра кишт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ то ин давра ба 3209 тонна расонда шуд, ки 100,2 фоизи дурнаморо ташкил менамояд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ноҳия сохтмони 68 биною иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 8 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки аз он 4 адад маркази савдо ва хизматрасонӣ, 1 адад дорухона, 1 адад китобхона, 1 адад ошхонаи миллӣ ва 1 адад корхонаи хурди истеҳсолист.  Дар маҷмӯъ дар даҳ моҳи сипаригашта дар ноҳия  2213 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст,
Мусаллам аст, ки баҳри пешравии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маънавиёт ин таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Имрӯз дар ноҳия 63 муассисаи таълимӣ амал мекунад. Ҳамаи онҳо пурра аз ҳисоби буҷети ноҳия ва кумитаи падару модарон аз таъмир бароварда шуда, ба фасли зимистон пурра омодаанд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаи вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби 9 медали тилло, 8 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 2 медали тилло, 3 медали  нуқра ва 10 медали биринҷӣ гаштаанд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии фарҳангӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги миллӣ дар ноҳия 8 кохи фарҳанг, 28 китобхона, 1 мактаби мусиқии бачагона, 1 боғи фарҳангию истироҳатӣ ва 1 филармонияи халқӣ фаъолият менамояд, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҳамин тавр, бо шинохти рисолату эҳсоси масъулият сокинони ноҳия ва масъулон баҳри пешрафту зебоию шукуфоии як гӯшаи Ватани маҳбубамон аҳлона меҳнат менамоянд. Албатта, дар ин ҳол меҳнат натиҷаи дилхоҳ медиҳад ва барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ мусоидати бештар мекунад.
Фикр мекунам, ки соли оянда нисбат ба ин сол боз ба дастовардҳои бештару муҳим ноил мегардем. Барои ин тамоми имкониятҳо мавҷуд аст.
Ҷаббори ҒАФФОР,
раиси ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 308

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед