logo

сиёсат

ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. ОМОДАГӢ БА ТАТБИҚИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ

Намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба манзури муҳокимаи Нақшаи амали Дабири кулли СММ вобаста ба татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 8 декабри соли ҷорӣ дар қароргоҳи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳам омаданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш, ки бо эҳтимоми Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва СММ - Об доир гардид, ҳудуди 120 намояндаи кишварҳои аъзои созмон ширкат намуданд. Меҳмонони олимақоми ин чорабинӣ, назири  роҳбари Дафтари Раиси Маҷмаи умумии СММ Франтишек Рузичка, директори шуъбаи рушди устувори UNDESA Ҷуванг Ҷу ва директори Донишгоҳи СММ оид ба масъалаҳои об, муҳити зист ва тандурустӣ, яке аз ҳамоҳангсозони Гурӯҳи СММ - Об роҷеъ ба ташкил ва банақшагирии даҳсола Владимир Сматкин оид ба вижагиҳо ва аҳамияти ин ташаббуси пурарзиши Пешвои миллат ибрози назар намуданд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ М. Маҳмадаминов аз пуштибонии қавии Дабири кулли СММ ва иқдоми ӯ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Нақшаи амал барои татбиқи даҳсолаи нав изҳори сипос намуд. Ӯ ба нақши фаъоли Раиси Маҷмаи умумии СММ дар баргузории чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, ки 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии об) дар шаҳри Ню - Йорк баргузор мегардад, таъкид намуд. М. Маҳмадаминов, ҳамчунин, оид ба мундариҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба даҳсолаи нав, ки моҳи июни соли 2018 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, маълумот дод.
Роҳбари Дафтари Раиси Маҷмаи умумии СММ дар навбати худ ҷиҳати омодагӣ ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” маълумот дода, онро дар амри таҳкими ҳамкориҳо, ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба мудирияти устувори захираҳо ва мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба об муҳим арзёбӣ кард.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 817
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед