logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШОҲИГАРИИ ҲОШИМИИ УРДУН

Мулоқот бо Раиси Сенати парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

11 декабр дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал - Фоиз мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор гирифт ва нақши парлумонҳо дар густаришу таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ арзишманд арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва дигар кишварҳои олами араб аҳамияти зарурӣ дода мешавад ва муносибатҳои гуногунҷанба бо ин давлатҳо самти муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Ҷонибҳо ба густариши равобити байнипарлумонӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, муҳимияти рушду тавсеаи ин муносибатҳоро барои омодасозии заминаи ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷабҳа, аз ҷумла дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъкид доштанд.
Ҳар ду ҷониб ба таъмини субот, амният ва ҳамкории созандаи минтақавӣ, инчунин, ҳалли ҳар чи зудтари қазияи кишварҳои мусулмонӣ мароқ зоҳир карда, барои муборизаи муштарак бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ин, таъкид намуданд: «Мо бояд бо иродаи муштарак кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро аз хатари онҳо эмин дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад».
Дар мулоқот, ҳамчунин, ҷиҳати таъсиси ниҳодҳои дахлдори таъминкунандаи равобити густурда ва судманди байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун таклифу пешниҳодҳои муфид ба миён гузошта шуд.

Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

Дар доираи сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

Урдун кишварест дар Ховари Миёна, ки аз шимол бо Сурия,  шимолу шарқ бо Ироқ, шарқу ҷануб бо Арабистони Саудӣ ва аз ғарб бо Исроил ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Урдун шаҳри Аммон аст ва шоҳигарӣ аз 12 музофот - Аҷлун, Ақаба, Уммон, Ҷераш, Ирбид, Маан, Мадаба, Аз - Зарқа, Ал - Балқа, Ал - Қарак, Ал - Мафрак, Ат - Тафила иборат мебошад.
Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун таърихи хеле қадима дошта, асосан аз мавзеъҳои таърихӣ, иншооти гуногуни қадима ва манзараҳои барои сайёҳон тамошобоб иборат аст. Шаҳри Аммон соли 1949 пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун эълон гардид, вале таъсиси он ба 7 ҳазор сол пеш аз милод рост меояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аммон қалъаи Ситадел, Осорхонаи Урдун, маконҳои таърихии шаҳри қадимаи Петра, баҳри Мурда ва соҳили ғарбии рӯди Урдунро тамошо карданд.
Урдун дар байни кишварҳои арабӣ яке аз мамлакатҳои дорои таърихи бою қадима буда, таваҷҷуҳи сайёҳон ба шаҳрҳои бостонии он зиёд аст. Бештар диққати одамонро қалъаи таърихии Ситадел, шаҳри қадимаи Петра бо тарҳи меъмории нодир дар рӯйи санг ва нигораҳои арзишманди осорхонаи Урдун, инчунин, мамнӯъгоҳҳо ҷалб мекунад.
Баҳри Мурда дар масофаи 35 километр аз шаҳри Аммон ҷойгир буда, бо хусусиятҳои шифобахшиаш машҳур аст.
Қалъаи Ситадел ҳам яке аз ҷойҳои таърихию тамошобоб мебошад. Ситадел маънои девори қалъаро дорад. Ин ҷойро маркази Аммон ё дили шаҳр ҳам мегӯянд. Дар қалъа вайронаҳои деворҳои қаср, боқимондаҳои маъбади Геркулес, калисои Византия мутааллиқ ба асри 6 дар ҳудуди Ал - Қаср мавҷуд аст. Дар Ал - Қаср айни ҳол осорхонаи бозёфтҳои бостоншиносӣ фаъолият мекунад. 
Дар доманаи қалъа амфитеатр ҷойгир аст, ки рамзи Урдун мебошад ва он аз 44 қатор иборат буда, 7000 ҷойи нишаст дорад.
Ғори Ал - Каъф маъруф бо ғори асҳоби Каъф дар қисми ҷанубии шаҳри Аммон ва шаҳри Петра - пойтахти қадимаи шоҳигарии Набатей низ, ки дар санг дар баландии 900 метр аз сатҳи баҳр беш аз 2 ҳазор сол пеш сохта шудааст, яке аз ҷойҳои таърихӣ ва машҳури Урдун маҳсуб мегардад.
Шаҳри Петра ба феҳристи иншооти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба рӯйхати яке аз ҳафт муъҷизаи олам ворид гардидааст. Шаҳр аз мавзеъҳои нодири ин кишвар ба ҳисоб рафта, то имрӯз толорҳои қадима ва амфитеатр, маъбад ва манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаҳои шаҳри қадимро дар худ бегазанд ҳифз кардааст.
Дар шаҳри Аммон, ҳамчунин, осорхонаҳои анъанаҳои мардумии Урдун, мошинҳои шоҳӣ, тангаҳои қадима, осорхонаи ҳарбӣ бо яроқҳои гуногун, намоишгоҳ бо намунаи мусаввараҳои шарқӣ, қасри Омеядҳоро тамошо кардан мумкин аст.
Дар Осорхонаи Урдун дастовардҳои илму технология дар самти дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ ва зироаткорӣ мавқеи хосса дорад. Дар ин ҷо дастгоҳе намоиш дода шуд, ки дар шароити хушкӣ барои таъмини заминҳои зироаткорӣ бо об аз ҳаво об истеҳсол менамояд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир нарасидани оби ошомиданӣ дар бархе қитъаҳои олам ба назар мерасад ва бинобар таъсири тағйирёбии иқлим оби баъзе дарёву баҳрҳо буғ шуда, аз байн меравад. Дар Урдун ҷиҳати пешгирии хушкшавии баҳри Мурда дар масофаи наздики 200 километр барои барқарор кардани миқдори оби бухоршуда лоиҳаи бунёди қубури интиқоли об аз баҳри Сурх таҳия шудааст.
Мавриди зикр аст, ки талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва сиёсати ояндасози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои дар оянда рушд кардани кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, баҳри ҳалли мушкилоти норасоии об дар сайёра ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ равона гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдории амиқ пайдо кардааст. 
Пас аз анҷоми боздид аз Осорхонаи Урдун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори орзуву таманниёти нек баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар дар китоби меҳмонони олиқадр имзо гузоштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 790
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед