logo

иқтисод

ЛИБОСИ ПАХТАГӢ ДАР ВАТАНИ ПАХТА ГАРОН АСТ, ЧАРО?

Истеҳсоли либоси босифати пахтагин ва барои саломатӣ безарар дар дохили кишвар ва бо  нархи дастрас пешниҳод намудани он ба муштариён аз масъалаҳое мебошад, ки солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи бештари давлату Ҳукумат ва ҳам худи соҳибкорон  қарор дорад. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз як қатор корхонаҳои ватанӣ дӯхти либосҳоро бо дарназардошти зебу зинати замонавӣ ва мувофиқи хоҳиши мизоҷон омода ва пешкаш намуда, ба коҳиши  воридоти он аз хориҷи  кишвар замина мегузоранд.
- Дар мамлакати мо барои истеҳсоли  либос имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Корхонаҳои ҶДММ «Ҷавонӣ» - и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Catton», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» аз ашёи хоми маҳаллӣ, сар карда аз риштаи пахтагин то маҳсулоти ниҳоиро истеҳсол менамоянд. Илова бар ин, истеҳсоли курта, шиму костюми мардона, либосҳои бачагонаю кӯдаконаро омода месозанд. Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии Хуҷанд  тавлиди  матои  ҷинсро ба роҳ монда, аз он шиму костюм тайёр мекунад, - гуфт Мавлуда Киромова, мутахассиси соҳаи саноати сабук.
Вале тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бо вуҷуди муваффақиятҳое, ки дар ин самт дорем, ҳанӯз мушкилиҳои зиёди ҳалталаб низ мавҷуданд, ки аз масъулони соҳа тадбирҳои муассиреро тақозо менамоянд. Барои мисол, ҳанӯз ҳам либосҳои пахтагин, ки аксаран воридотӣ ва гаронарзишанд, на барои ҳама дастрас буда, муштариён аз ноилоҷӣ бештар ба молҳои синтетикӣ рӯ меоранд. Ҳарчанд падару модарон хуб дарк мекунанд, ки чунин сарулибос ба саломатии фарзандон бе таъсир намемонад.
- Бо супориши роҳбарият дар давоми солҳои 2009 - 2010 дар беморхонаи марказии бемориҳои пӯст тадқиқот гузарондем ва  дар натиҷа муайян шуд, ки танҳо дар давоми соли 2009 - ум  510 нафар аз ҳисоби пӯшидани либосҳои синтетикӣ ба бемории пӯст гирифтор шудаанд.
 Дар хусуси зарари синтетика ба саломатии инсон мо тариқи телевизион барномаҳо пахш намудем ва баъди он мардум, хусусан занон ба либоси пахтагин рӯй меоравардагӣ шуданд. Инчунин, солҳои охир бинобар беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ, шаҳрвандони мамлакат бештар ба либосҳои истеҳолсолнамудаи босифат таваҷҷуҳ мекунанд. Вале, албатта, на ҳар кас имкони хариди чунин либосҳои босифат ва барои солимӣ безарарро дорад, - иброз намуд, Бозор Остонаев, мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ оид ба талаботи регламентҳои техникии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. 
  Масъалаи дигари мавриди таваҷҷуҳ камчинии либосҳои кӯдаконаи истеҳсоли худӣ дар бозорҳои кишвар аст. Ин гуна либосҳои пахтагини воридотӣ, воқеан, арзиши хеле баланд доранд. Саволе ба миён меояд, ки магар корхонаҳои ватанӣ дар ин самт тавони рақобат надоранд?
  Абдумавлон Абдуллоев, ҷонишини директории генералии ҶДММ "Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик" дар ин бора чунин гуфт:
- Маҳсулоти табиии  истеҳсолнамудаи корхонаи мо пурра аз матои пахтагин омода мешавад. Асосан  корхона либосҳои мактабӣ, шиму костюм ва дигар намуди либосҳоро барои калонсолон омода месозад. Либосҳои то - мактабии кӯдакона аз ҷониби корхонаи мо истеҳсол намегардад, зеро ҳоло чунин имкон надорем. Лекин парпечҳои пахтагин барои навзодон дар ин коргоҳ омода шуда, аз ин ҳисоб ба кишварҳои Полша, Чехия, Қазоқистон, Олмон ва Русия содирот мегардад.  Ин кишварҳо ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мо баҳои баланд дода, аз нигоҳи табиӣ тоза ва фоидаовар меноманд.
  Ба иттилои масъулони ҶСК «Гулистони Душанбе», корхона бо  технологияи нави замонавӣ таъмин бошад ҳам, бинобар кам будани фармоишгарон тавлиди либосҳои кӯдакона аз ҷониби он солҳои охир коҳиш ёфтааст. Қаблан аз рӯи фармоиши кишварҳои хориҷ тарроҳони корхона либоси зиёд омода месохтанд. Ҳоло талабот ба маҳсулоти иттиҳодияи мазкур кам гардидааст.
Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки дастовардҳои мо дар самти истеҳсоли либоси пахтагини худӣ, аз ҷумла кӯдакона ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар ҳоле ки Тоҷикистон кишвари содиркунандаи пахтаи аълосифат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба масъалаи мавриди назар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Мавзӯъ ҳатман пайгирӣ хоҳад шуд. 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 485

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед