logo

иқтисод

САВДОИ КӮЧАГӢ. БА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТ КӢ КАФОЛАТ МЕДИҲАД?

Танзими  бозори доруворӣ, назорати давлатии  сифати маҳсулоти табобатӣ, аз ҷумла ороишию гигиенӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи бехавфу манфиатбахш аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, фаъолияти ташкилоту муассисаҳои марбута тадриҷан ҷоннок гардонда мешавад.

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати шаҳрвандон, таъмини риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳуқуқвайронкуниҳо  санҷиши кори муассисаҳои дорусозӣ ва фурӯши маводи дармонбахширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ назорат мебарад. Бо вуҷуди ин, чунончӣ, имрӯзҳо мушоҳида мегардад, маводи зикршуда дар дохили бозорҳо ва назди дуконҳои сари роҳ болои ароба паҳну парешон дар ҳолати ғайрисанитарӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.
Султон Бекмуродзода, сардори хадамот, гуфт, ки айни замон ин мушкилӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа аст. Дар ин маврид чанд маротиба  ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти бозорҳо ҷиҳати пешгирии роҳи савдои кӯчагии маводи ороишию гигиенӣ мактуб ирсол намудем.   Мутахассисони  шуъбаи маводи ороишию гигиении хадамот низ назорати сифатро дар нуқтаҳои савдо ба роҳ монданд. Вале роҳи рафъи мушкилии мазкур танҳо аз мо вобаста нест. Дар ин самт маърифати соҳибкорон нақши муҳим мебозад. Бояд соҳибкорон доир ба соҳа тасаввурот дошта бошанд ва масъулият ҳис кунанд. Маъмурияти  бозорҳо низ бояд  нагузоранд, ки соҳибкорон  дар мавзеъҳо ва дуконҳои ғайрисанитарӣ маҳсулоти атриёту ороиширо ба муомилот бароранд, хусусан дар канори роҳу гузаргоҳҳо ва болои қуттиҳо.
Ҳалима Мавлонова, директори иҷроияи ҶДММ “Бозори Корвон, изҳор дошт, ки чунин мушкилот дар гирду атрофи бозор дида мешавад, аммо дар дукону мағозаҳои дохили он  назорат пурзӯр карда шудааст.
Ба гуфтаи Нуралӣ Гулзода, мудири шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении хадамот, дар доираи татбиқи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”, “Дар бораи сертификатсиякунонии маҳсулот ва хизматрасонӣ” давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо сабаби ҷой доштани камбудию қонуншиканиҳо дар фурӯши маводи ороишию атриётӣ  121 соҳибкор аз ҷониби хадамот амрнома гирифт.  Ҳамчунин, аз 55 соҳибкор мутобиқи моддаи 121, 122 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи  118000 сомонӣ ҷарима ситонда шуд. Дар рафти назорати сифати маҳсулоти табобатӣ  аз фурӯшгоҳҳо 600 номгӯй  маводи муҳлатгузашта,  қалбакию  бе сертификати мутобиқат ба  миқдори беш аз 56 ҳазор адад мусодира ва сӯзонда шуд. Дар асоси аризаи соҳибкорон 903 номгӯй ё  қариб 27 ҳазор маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдакон, ки   муҳлати истеъмолашон гузашта буд, аз тарафи хадамот нобуд гардид. Дар ин муддат аз ҷониби мутахассисони шуъба фаъолияти 49 нуқтаи фурӯше, ки ба талаботи стандартҳои меъёрии ҳуқуқии харидуфурӯш ва нигоҳдории маҳсулоти мазкур  ҷавобгӯй набуданд, боз дошта шуданд.
- Мушкили  асосӣ аз саҳлангории мудирони дуконҳои савдо ва фурӯшандаҳои маводи ороишию гигиенӣ сар мезанад. Аз  тарафи баъзеи онҳо қоидаҳои нигоҳубини маводи ороишию гигиенӣ на ҳама вақт риоя мегардад, - гуфт, С. Бекмуродзода. - Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳангу малакаи касбии соҳибкорон дар самти савдои  маводи ороишию гигиенӣ ва  назорати қатъии бозори истеъмолӣ бояд яке аз самтҳои муҳими мақомоти интизомӣ, хусусан Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ бошад, ки мо инро ҳамеша дар назар дорем.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 434

20.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Йоҳаннес Петерлик

Тоҷикистону Ӯзбекистон: хироҷи роҳ аз байн меравад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард

Ҳамаи хатмкардагон бо ҷои кор таъмин мешаванд

РУСТАМИ ШОҲМУРОД: "ВОҲИДҲОИ КОРӢ НАМЕРАСАНД"

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН. САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БОЛО МЕРАВАД

ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ СӮЗИШВОРИРО ШАРҲ ДОД

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. САНҶИШ НИШОН ДОД, КИ...

ДДТТ ДАР ҚАТОРИ ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН МАКТАБҲОИ ОЛӢ

НАВОБОД. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед