logo

сиёсат

РУШДИ ДИПЛОМАТИЯ ВА ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ ДӮСТОНА БО КИШВАРҲОИ ОЛАМ

Таҷрибаи пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, бавижа баъди расидан ба мусолиҳаи миллӣ, нишон дод, ки тавсеаи равобити дӯстона ва мутақобилан судманди дуҷониба бо кишварҳои гуногун ва роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, таъмини амнияту суботи миллӣ,  инчунин, ҷойгоҳи муносиб ва шоиста касб кардани кишвар дар равандҳои ҷаҳонӣ нақши муассир доштааст.

Ин матлаб дар конфронси илмию амалие, ки ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳонӣ» доир гашт, баён гардид. Дар ҳамоиши илмию амалӣ мавзӯи «Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминасози рушди дипломатия ва сиёсати бисёрсамта», ки онро Абдуғаффор  Камолов, мушовири Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, матраҳ намуд, таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба худ ҷалб сохт. Мавсуф иброз дошт, ки аз зумраи аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар буд. Дар асоси ин консепсия Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии худ сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикиро роҳандозӣ намуда, тавсеа ва таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ба роҳ монд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳия ва қабули санадҳои қонунгузорӣ ба назар гирифтани талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва робитаҳои хориҷии ҷумҳуриро ба таҷрибаи маъмулӣ табдил дод, ки чунин муносибат мазмуну мундариҷаи санадҳоро сифатан боло бурд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз баракати ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсола пешсаф ва роҳкушои масъалаҳои истифода аз захираҳои об дар ҷаҳон буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол тайи боз як даҳсола ба маркази тасмимгириҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои марбут ба об табдил хоҳад шуд, ки ин ба рушди сиёсати бисёрсамта ва болоравии нуфузу эътибори кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ, шинохти дурусти тарҳҳои гидроэнергетикии мо аз тарафи масъулону коршиносони байналмилалӣ ва вуруди сармоя ба ин тарҳҳо мусоидат хоҳад кард.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 903
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед