сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭЪТИБОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН
Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, моҳи сентябри соли 1993, барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб меёбад.
Зимни суханронии худ дар ин ҷаласа Сарвари давлати Тоҷикистон бори нахуст мавқеи ҷумҳуриро оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур намуда, мисраъҳои зерро бо забони ноби тоҷикӣ қироат намуданд:
Банӣ - одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Вақте сухан дар бораи ҷомеаи ҷаҳонӣ меравад, бояд, пеш аз ҳама, онро ба назар гирифт, ки тамоми ниҳодҳои иқтисодӣ - молиявӣ ва сиёсии ҷаҳони имрӯза бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Имрӯз дар ҷаҳон кишвареро вонамехӯрем, ки бе ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пешрафти комил расида бошад. Ҳоло ҷумҳурии мо бо як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони конфронси исломӣ ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст, ки далели рӯшани афзоиши нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонист.
Дар маҷмӯъ, иқдому ибтикорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту башардӯст, тамаддунофар, ҷонибдори арзишҳои демократӣ шинохта шудааст.
Исфандиёр БАДАЛОВ,
магистранти факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.12.2017 №: 253 Мутолиа карданд: 832