logo

фарҳанг

НОГУФТАҲОЕ АЗ ШАБИ ЯЛДО

Дар мавриди пайдоиш ва одобу ойини шаби Ялдо солҳои гузашта навиштореро ба чоп расонда будем, ки он бештар рӯовардаҳо дар ёдоварии адибону донишмандони классик буд. Албатта, перомуни ин суннати ниёкон, ки ба фарҳанги гоҳшумории бостонии мо (ба нахустин киштварзӣ) пайвастагӣ дорад, мебояд пажӯҳише бар пояи ҷусторҳои пешиниён ва ойинҳои барҷомондаи тоҷикону тоҷиктаборон анҷом дод.

Шаби Ялдо ба замони байни ғуруби Офтоб, аз 20 декабр (охирин рӯзи тирамоҳ), то баромадани Офтоб (нахустин рӯзи зимистон, аввали моҳи Дай) пайвастагӣ дорад. Ин шаб дарозтарин ва ториктарин шаби сол буда, аз он замон пас дарозии рӯз бештар ва шаб кӯтоҳтар мешавад. Гузаштагони мо чандин ҳазор сол аст, ки шаби Ялдоро то сапедадам дар гирди аҳли хонавода мегузаронанд. Ин расм дар миёни мардумони кӯҳнишини тоҷик то чанде пеш ривоҷ дошт. Аз рӯйи гоҳшумории маҳаллии мардуми кӯҳнишини мо зимистон ба «чиллаи калон» ва «чиллаи хурд» фасл мешавад, ки шаби Ялдо ҳамон шаби даромадани чиллаи калон мебошад. Мардум дар ин шаб дастархон густурда, дар миёни меваҳои хушку тар, тарбузеро рӯйи лаган мегузоранд ва пас аз хӯрдани хӯрок тарбузро дупора мекунанд, ки рамзи офтобро дорад; сурху доирашакл. Гарчи дар шаби сарди зимистон хӯрдани тарбуз он қадар дилчасп нест, вале тарбузи гирду сурхро ҳамчун рамзи Хуршед, то шаби Ялдо нигоҳ карда, дар соати 12, онро рӯйи дастархон мениҳанд.Тарбузи дупора ва шумораи «чил», бархоста аз боварҳои динии пеш аз зардуштии иронитаборон, ба меҳрпарастӣ (митроизм) мебошад. Аз рӯйи он боварҳо, дар шаби Ялдо, соати 12 (шаб) Хуршед (Офтоб), яъне Меҳр зода мешавад. Дар ин шаб, то лаҳзаи валодати Хуршед, яъне соати 12 - и шаб шодиву хушнудӣ мекарданд ва шумораи чил ҳамчун шумораи беҳин (нек) дониста шудааст. Аз ҷашнгирии Хуршед, дар миёни мардуми иронитабор, рақами «чил», ҳамчун шумораи беҳин (нек) дониста шудааст. Аз ҷумла, чиллаи зани обистан, чиллаи кӯдаки навзод ва таваллуди дигар, яъне марг. Бад – ин тартиб чиллаи зимистон замонест, ки ба гумони ниёкони дурамон, Хуршед зода мешавад ва фолеро мепиндоштанд, ки Хуршеди навзодро чил рӯз боястӣ  боэҳтиёт нигаҳ дошт ва барои нарасидани газанде бар ӯ аз Худованд шикасти аҳриманро хостгор шуд. Онҳоро, ки кишоварзӣ бунёди зиндагиашон буд, бар пояи таҷрибаи ба даст оварда дарёфта буданд, ки гардиши Хуршед ва дарозиву кӯтоҳии рӯз ба киштукорашон пайвастагии пурарзиш дорад ва нуру равшанӣ ва тобиши Хуршед, ҳамчун намоди нек бо торикиву шаб ҳамеша дар набард мебошад.
Бояд ба таъкид овард, ки ойини меҳрпарастӣ чун яке аз боварҳои нахустини худоҷӯии одамон, дар ҳама динҳои ҷаҳон таъсиргузор буд. Чуноне маросими таваллуди Исои Масеҳ ва умуман боварии насронӣ ба меҳрпарастӣ (митроизм) пайвастагии равшане дорад. Рӯзи таваллуди Исои Масеҳ 25 декабр тасбит шудааст, ки дар асл ҷашни зуҳури Меҳр (Митро) мебошад. Ногуфта нагузорем, ки вожаи «ялдо» суриёнӣ буда, маъниаш зоиш, таваллуд мебошад. Масеҳиён ин рӯзро ҳамчун рӯзи мелоди Исо, дар асри IV қарор додаанд ва ҷашни Соли нави (исавӣ) – «Кресмос», ба шаби Ялдо пайвастагӣ дорад. Аҳли насо бар он боваранд, ки Исои Масеҳ, пас аз ба дор кашиданаш, дар осмони чаҳорум ҷой мегирад, ки дар донишҳои ситорашиносӣ, «хонаи Офтоб», (хонаи Меҳр) дониста шудааст. Ва дар адабиёти форс – тоҷик низ навишторҳое ба чашм мехӯранд, ки Ҷамшед (шед, яъне Офтоб) ин ҳамон Меҳр аст, ки онро ба рамз падар номидаанд.
Дар марсияи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба вафоти дӯсташ Абулҳасани Муродӣ байте мавҷуд аст, ки ишора ба он боварии бостон дорад:
Ҷони гиромӣ ба падар боздод,
Колбуди тира ба модар супурд.
Дар бораи шаби Ялдо, ки худ дорои як намоди шоиронае мебошад, анқариб ҳама адибони форс – тоҷики замони пеш, навишторҳову ишораҳое доранд. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор – ул - боқия» рӯзи нахустини моҳи Дайро бо унвони «хӯр» ёд кардааст ва дар донишномаи «Бурҳони  қотеъ» чунин омадааст: «Ялдо шаби аввали зимистон ва шаби охири пойиз аст, ки аввали Ҷаддӣ ва охири Қавс (номи моҳҳои гоҳшумории ҷалолӣ) бошад ва он дарозтарин шаб аст дар тамоми сол ва дар он шаб ва ё наздик ба он шаб Офтоб ба бурҷи Ҷаддӣ таҳвил мекунад ва гӯянд он шаб бағоят шуму номуборак мебошад ва баъзе гуфтаанд, шаби Ялдо ёздаҳуми Ҷаддӣ аст».
Дар адабиёти классикии форс – тоҷик май (шароб) - ро «духтари ангур» (арабиаш раз) ва ангурро духтари Офтоб номидаанд, ки дар рӯзи чиҳилум мерасад ва ба монанди Хуршед равшану тобнок мешавад. Чуноне ки Ҳофиз гуфтааст:
Ки эй, суфӣ шароб он гаҳ шавад соф,
Ки дар шиша барорад арбаине.
Ва Саъдии Шерозӣ торикиву дарозии шаби Ялдоро хеле зебову шево тасвир кардааст:
Ёри осоиши гетӣ бизанад бар дили реш,
Субҳи содиқ надамад, то шаби
Ялдо наравад.
Ҳамин тавр, дар дарозтарин ва ториктарин шаби сол, шаби 21 декабр, чун ҳазорсолагонамон дуоятон мекунем, ки Худо нурро дар дилатон, чашмонатон ва дилу чашмони наздикону атрофиёнатон арзонӣ бидорад!
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи 
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 791
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед