logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. МАҶРОИ НАВУ БОНИЗОМ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 30 ҳолати қонуншиканӣ сабт шудааст.
 
Тавре Сайдалӣ Ҳакимзода, иҷрокунандаи мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии шаҳри Ваҳдат, иттилоъ дод, нисбат ба вайронкунандагони қонун, ки зимни санҷиш аз тарафи кормандони бахш ошкор гардид, протокол тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба суд пешниҳод гардидааст. Тибқи ҳалномаи суд нисбат ба 27 нафар ҷазо дар намуди ҷарима муқаррар шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 19 адад зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар вақти гузарондани рейду санҷишҳо ба воситаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ якҷоя бо кормандони прокуратура ва ШВКД дар шаҳри Ваҳдат 70 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ шуд.
Дар ин давра дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар маҷмӯъ 4534 ҷашну маърака ба қайд гирифта шудаааст. Маблағи умумии хароҷоти ҷашну маросимҳо зиёда аз 22 миллион сомониро ташкил дода, ба ҳар маърака 5577 сомонӣ рост меояд, ки дар гузашта ин нишондод чандин маротиба бештар буд.
Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки бо вуҷуди камбудиҳои ҷойдошта, дар маҷмӯъ баргузории расму оинҳо дар шаҳри Ваҳдат вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маҷрои наву бонизом ворид мешавад. Зеро сокинони шаҳр ба хубӣ дарёфтанд, ки ин санад на танҳо ба танзими расму оинҳо мусоидат менамояд, балки ҳамагонро ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги милливу суннатҳои мардумӣ даъват месозад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 192

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед