logo

иқтисод

БОНКҲО. МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади таҳлил ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудани  тадбирҳо барои беҳтар сохтани  вазъи бонкдорӣ дар Тоҷикистон зери унвони  «Бахши бонкии Тоҷикистон: имкониятҳои рушди дарозмуддат» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар  он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон - «Амонатбонк» ва  бонкҳои дигар иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки бо сабаби ба миён омадани буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон бархе аз бонкҳои Тоҷикистон, махсусан «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк», ки эътимоди мардум ба онҳо зиёд буд, ба мушкили молиявӣ гирифтор шуданд. Аммо роҳбарияти бонкҳо аз сабаби надоштани  барномаи алоҳидаи пешгирии хавфҳо мушкилро паси сар карда натавонистанд ва ба муфлисшавӣ мувоҷеҳ шуданд.
Ба гуфтаи Олим Бобоев, вакили парлумони мамлакат, ҳоло барои идомаи фаъолияти самарабахши бонкҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи дастгирӣ ва аз буҳрон баровардани бонкҳо таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар вазъи ногувори фаъолияти бонкӣ ба ғайр аз омилҳои буҳронӣ  сабабҳои зиёди дохилӣ низ ҷой доранд. Яке аз муҳимтарини онҳо сифати пасти кадрҳои соҳа мебошад. Ҳарчанд баъзе мутахассисони баландихтисос дар хориҷ таҳсил намуда, низоми бонкдории кишварҳои мутараққиро аз бар намудаанд, аз сабаби надонистани иқтисодиёти миллӣ фаъолияти манфиатбахш надоранд.  Кадрҳои  маҳаллӣ  аз низоми нави бонкдорӣ  бехабаранд. Аз ин рӯ, ҳамоҳанг сохтани таҷрибаю малакаи мутахассисони маҳаллӣ бо низоми нави соҳа тадбирҳои саривақтиро тақозо дорад.
Ёдовар мешавем, ки барои таъмини устувории низоми бонкӣ, нигоҳ доштани эътимоди  аҳолӣ ба он ва ҳимояи ҳуқуқу манфиати пасандозгузору қарздеҳон 12 декабри соли 2016 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» қабул гардид.  Тибқи он ба ду бонки низомсози мамлакат - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба муддати панҷ сол 3 миллиард сомонӣ қарзи имтиёзнок  дода шуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 324

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед