logo

иҷтимоиёт

СОҲИЛБАНДӢ. ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Тавре огаҳӣ дорем, боронҳои пай дар пайи баҳори имсола ба хоҷагии халқи ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Восеъ хисороти калони иқтисодӣ ба бор овард. Як қисми киштзор, роҳҳои мошингард, хонаҳои истиқоматӣ, саддҳои муҳофизатии дарёҳоро дар  ин ноҳияҳо хароб кард. Обхезии дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор аз мавзеъҳои баландкӯҳи Ховалингу Сари Хосор ва Балҷувон оғоз гардида, дар маҷмӯъ оби се дарё  якҷоя бо лою сангрезаҳо хеле шиддатнок ба сатҳи поён ҷорӣ шуд.

Дар натиҷаи боришҳои бардавоми шаби 2 ва 3 – и моҳи апрел сел ба маҳаллаҳои аҳолинишин, дуконҳои тиҷоратӣ  ва  биноҳои маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Балҷувон таҳдид намуд. Бар замми ин,  сели пуршиддат сангу симтӯрҳоро аз канори маркази ноҳия ба масофаи 110 метр, садди дарёи Тираро аз канори  деҳаи Сари Мазор ба масофаи 220 метр бурд  ва канори  деҳаи Сари Мазорро ба  масофаи 400 метр шуст.
Бино ба иттилои Неъматулло Шарофиддинзода, муовини аввали раиси ноҳияи Темурмалик зарари ба хоҷагии халқ расондаи обхезӣ дар маҷмӯъ беш аз 2 миллиону 370 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо мақсади тағйири маҷрои оби дарё ва пешгирии сел таъҷилан ситоди ҳолатҳои фавқулода ташкил ёфта, экскаватору булдозер ва автомошинаи калони боркаши тамғаи «Дулан» сафарбар гардиданд. Ҳамзамон,  дар ҷойҳои хавфнок 88 тахтасанги  2,5 - тоннаии бетонӣ гузошта шуд. Аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати кишвар  ба ноҳия 40 тонна семент дастрас гардид. Аз  ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои пешгирии офатҳои табиӣ ва соҳилбандӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гашт. Ҳар рӯз ба тариқи ҳашар ба масофаи 40 – 50 метр симтӯрҳо тайёр карда  шуданд. Имрӯзҳо корҳои соҳилбандӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии зудамали шаҳри Кӯлоб бомаром идома доранд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Ҳусайнов, сармуҳандиси  корхона, барои пешгирӣ аз боронҳои сел то имрӯз дар ноҳия 446 метр корҳои соҳилбандӣ анҷом ёфт. То фасли баҳор дарозии садд ба 2,5 километр хоҳад расид.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар иртибот ба ин,  роҳбарони мақомоти  маҳаллиро  супориш дод, ки дар ҳалли масъалаҳои пешомада ҳар чи зудтар чораҷӯӣ намуда, харҷи умумии соҳилбандиро дақиқ созанд.
Аз сабаби баланд шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб ва омадани  сел, деҳаҳои Гулобод ва Саъдулло Шарифи ҷамоатҳои деҳоти  Абдӣ Авазов ва Гулистони ноҳияи Восеъ низ зарари ҷиддӣ диданд. Майдонҳои пахта ба андозаи 89,41 гектар, ғалла 50,58,  ҷуворимаккаи дон 0,5, пиёз 3,5 ва  картошка 7,5 гектар  талаф  ёфтанд. Инчунин, садди муҳофизатии соҳили дарёи Сурхоб ба масофаи 140 метр хароб  гардид. Ҷамъи умумии зарар қариб як миллион  сомониро ташкил дод. Аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 100 тонна семент, 6 ҳазор метри мураббаъ симтӯр,  200 килограмм сим, 1000 метр симтаноб, 1 тонна арматур ва  21 ҳазору 540 литр сӯзишворӣ ҳамчун кумак ба ноҳия дастрас гардид. Аз ин ҳисоб 720 дона тахтасанги бетонӣ тайёр шуда, дар мавзеъҳои Ҳоқон, Шом, Кафтархона, Ғофилобод ва Сари Ангури канори дарёи Ёхсу  хобонда шуд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои хариди сӯзишворӣ 25 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. То имрӯз дар деҳаи Ҳасан Қурбонови Ҷамоати деҳоти Тугарак ва соҳили дарёи Ёхсу ба масофаи 370 метр обгардонҳои муваққатӣ сохта шуданд.
 Дар  Ҷамоати деҳоти Абди Авазов дар мавзеи Ҷаврези дарёи Ёхсу ба дарозии 945 метр корҳои заминӣ ва хобондани 5 ҳазору 100 дона тахтасанг ба итмом расонда шуд.
Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки  корҳо баҳри пешгирии офатҳои табиӣ дар канори дарёҳои навоҳии Балҷувон, Темурмалик ва Восеъ ҳанӯз барои рафъи  пурраи мушкилот ва пешгирии оқибати офатҳои табиӣ басанда нест. Масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои эҳтимолии табиӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос бошанд. «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтани гузаштагони мо пандест, ки аз дарси зиндагӣ маншаъ мегирад.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 146

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед