logo

сиёсат

СОЛИ ҶАВОНОН

Дастовардҳо назаррасанд
Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҳисси ватанхоҳии онҳоро ба таҳрик оварда, ба иҷрои корҳои шоён раҳнамун сохт. Ҷавонони ба ору номуси мо соли равон дар сабқатҳои байналмилалӣ ширкат варзидаву ғолиб омада, Парчами миллатамонро болотар бардоштанд.
Имсол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 1102 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ иштирок намуд. Аз ин теъдод 205 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (54 медали тилло, 54 нуқра, 97 биринҷӣ) гардид.
Шаҳри Душанбе бо гирифтани 71 ҷойи ифтихорӣ (25 медали тилло, 23 нуқра, 23 биринҷӣ) сазовори мақоми аввал, вилояти Суғд бо 59 ҷойи ифтихорӣ (16 медали тилло, 13 нуқра, 30 биринҷӣ) сазовори мақоми дувум ва вилояти Хатлон бо касби 54 ҷой (10 медали тилло, 11 нуқра, 33 биринҷӣ) мақоми сеюм, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 16 ҷой (3 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ) дар зинаи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 5 ҷой (2 медали нуқра, 3 биринҷӣ) мавқеи панҷумро ишғол намуданд.
Баробари муваффақиятҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хонандагони тоҷик дар 25 олимпиадаи байналмилалии фаннӣ, ки дар кишварҳои Амрико, Бразилия, Ҳиндустон, Руминия, Индонезия, Русия, Малайзия, Эрон, Таиланд, Қазоқистон, Қирғизистон, Эстония, Булғория ва Сингапур баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 162 медал, аз ҷумла 32 тилло, 57 нуқра ва 73 биринҷӣ шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 11 медали тилло ва 24 нуқра зиёд аст.

6 миллион ҷавон - рамзи ояндаи накуи Тоҷикистон
Чанде пеш маълумоти ҷолиберо дидем, ки синни миёнаи аҳолии Олмон  45 солро ташкил дода, аз рӯи ҳиссаи пиронсолон дар дунё пас аз Ҷопон дар ҷои дувум будааст. Дигар рақамҳои ҷолиби пайдокарда ин буд, ки аз соли 1975 то 2015 синни миёнаи аҳолӣ дар давлатҳои Осиёи Шарқӣ аз 21 - сола то 38 сола боло рафтаасту аз соли 1990 то 2017 ҳиссаи мардуми аз 40 - сола боло аз 28 то 48 дарсад афзудааст. Огоҳӣ аз чунин арқом беихтиёр водор кард, ба диёри худамон рӯ орем. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳамасола шумори аҳолии кишварамон то 200 ҳазор нафар зиёд мешавад ва айни замон 8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар чоряк асри охир дар Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз 4,5 миллион тифл чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Боз як нишондиҳандаи нишотбахш он аст, ки теъдоди умумии шаҳрвандони то 30 - сола ба беш аз 5,8 миллион нафар ё худ 70 дарсади аҳолии кишвар расидааст. 
Пас аз муқоиса ва мулоҳизаи рақамҳои болоӣ ба умқи баҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҳм рафтем, ки ҷавононро пайваста неруи бузурги созанда ва меъморони ояндаи шукуфотари Тоҷикистони азиз мехонанд. Ва, чун мо низ аз зумраи 5,8 миллион нафаре мебошем, аз чунин баҳо, боварӣ ва умедвории Сарвари давлат дар худ на танҳо неру, ҳамчунин, масъулиятро эҳсос менамоем ва тақдири ҳар кадоми мо дар маҷмӯъ тақдири давлати Тоҷикистон аст. Соли оянда теъдоди мо ҷавонон ба 6 миллион нафар мерасад. Агар ҳар кадом як ниҳол шинонем, як дона хишт созем, як санг аз роҳ бардорем, як соат зиёдтар дар китобхона монем, ҳар субҳ дар майдончаҳои варзиш ё пиёдароҳҳо ба тамрини бадан машғул шавем, моҳе ақаллан як бор ба аёдати пирони барҷомонда равем... ин ва дигар корҳо ҷавоби амалии мо ба ғамхориҳои муттасили давлат ва ҳукумат хоҳанд шуд. Мо 6 миллион, мо неруи созандаи Ватан бо номи Тоҷикистонем!
Раҳматулло КАРИМОВ,
Гулнисо САЪДОНЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 697
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед