logo

фарҳанг

"САРГАРДОНӢ" ФИЛМИ НАВИ "ТОҶИКФИЛМ"

Рӯзҳои наздик дар толорҳои синамои ҷумҳурӣ филми нави истеҳсоли киностудияи "Тоҷикфилм" - «Саргардонӣ» ба намоиш бароварда мешавад. Муаллифи филмнома Муҳаммад Ғоиб ва коргардони он Абдулхайр Зокиров мебошанд.
«Саргардонӣ» силсилафилми телевизионӣ буда, дар чор қисм таҳия шудааст. Гарчанде дар он нишонаҳои   детектив ва мелодрама  ба назар расанд ҳам, филм дар жанри драмаи иҷтимоӣ офарида шудааст. Воқеаҳои асар аз он оғоз меёбанд, ки гурӯҳи ҷавонон ба дукони ширинифурӯшӣ дар хусуси омада ба ҷойи торт дар қуттиашон пайдо шудани ҷасади гурба даъво менамоянд. Мӯйсафеде ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ мешавад. Соҳиби дукон барои собит намудани бегуноҳии кормандонаш ба ҳимояи онҳо бармехезаду аз мӯйсафед як асо мехӯрад. Ҳамин дам дар гӯшаи дигари шаҳр ҷасади пиразанеро меёбанд, ки дар назди ӯ ҳам қуттии торт мехобад. Гурӯҳи фаврии ковтуковӣ ба кушодани гиреҳи ин ду муаммо мепардозад.
Дар ин миён муаллифи филмнома ва коргардон панорамаи ҳаёти иҷтимоии моро хеле устокорона меофаранд. Воқеоти имрӯз дар филм бо тамоми ҷузъиёташ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Қаҳрамонҳои асарро намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеа ташкил медиҳанд. Ба гирдоби воқеаҳои он ҳам насли калон (мӯйсафеду пиразану байтор ва ҳамсояҳояшон), ҳам миёна (сардори раёсати корҳои дохила, соҳиби дукону ҳамсараш, фурӯшандаҳо, синҳорҳои мӯйсафед) ва ҳам ҷавон (донишҷӯён, писари дукондор, муфаттишон,  набераи кампир ва  ҳамсараш) кашида шудаанд.
Аз нигоҳи аввал воқеаҳои асар хеле сода ва рафтори қаҳрамонҳояш  ҳам то андозае содалавҳона менамояд, вале дар онҳо тамоми паҳлуҳои табиату хислати ҳамзамонони мо тасвир шудаанд. Мӯйсафедро (ҳунарпеша Раҷаб Ҳусейнов) пас аз марги ҳамсар ва тағйир ёфтани арзишҳои маънавӣ гӯё замин аз зери по рафта: ӯро на дигар қаҳрамон меҳисобанду на ба андешааш гӯш медиҳанд. Аз ин ҷост, ки хеле асабонӣ ва бадқаҳр шудааст. Вале тамошогари закӣ ба хубӣ дарк менамояд, ки асабонияти ӯ аз хостаи эҳтирому арҷгузорӣ ба хидматҳояш нест. Мӯйсафед аз он дарунӣ месӯзад, ки дигар барои ҷомеа кори хубе анҷом дода наметавонад. Он ғояҳои муқаддас, ки омода буд, ҷонашро ҳам барояшон бидиҳад,  имрӯз барои баъзеҳо қурбе надоранд.
Аммо равиши воқеаҳо нишон медиҳад, ки дар ҷомеа на ҳама чунинанд. Дукондори аз назари аввал сабабгори ин ҳама мушкилотшуда марди солеҳест, ки мекӯшад маоши хонаводаашро бо меҳнати ҳалол таъмин намояд. Ҳамсараш (Фирӯза Раҳмонова) низ тимсоли модари мушфиқу ғамхор ва ҳамсари вафодор аст. Писарашон Комрон бо вуҷуди ҷавонӣ марди баору номусе ба воя мерасад. Ӯ худ таҳқиқот бурда, гунаҳкорро ҷазо доданист.
Ҳамсояҳои мӯйсафед (Абдулмуъмин Шарифӣ) ва пиронсолон (Асалбек Назриев ва Латофат Барзиева), байтор (Мирзоалӣ Муҳаммадиев) бо вуҷуди ба мушкилоти худ саргардон буданашон хешро дар ҷомеа шахси нодаркор ҳис намекунанд, ҳоло ҳам онҳо бо меҳнати ҳалол ва мавқеи муайяни шаҳрвандиашон ба нафъи ҷомеа хизмат доранд.
Полковники милиса  намояндаи насли миёнсол бошад ҳам, дар садоқат аз насли калонсол монданӣ надорад. Қаҳрамони офаридаи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Обид Назаров як навъ пулест миёни наслҳо ва рамзест аз садоқат ба Ватану матонат дар дифои манфиатҳои он.
Чуноне аз тавзеҳи табиати хислати қаҳрамонҳо бармеояд, ҳар кадоми онҳо дар зиндагӣ бо мушкилоти худ даст ба гиребонанд. Ҳамин барои худ зистан ва бо худ андармон буданашон аст, ки эҳсоси танҳоӣ дунболагирашон мебошад. Онҳо на ҳамдигарро мебинанд, на мешунаванд ва на кӯшиши дарк кардан доранд. Аз ин ҷост, ки дар ин худандармониҳо барои якдигар мушкилоти зиёд эҷод мекунанд. Ин раванд онҳоро дар кӯчаҳои зиндагӣ саргардон кардааст.
Силсилафилми «Саргардонӣ» - и А. Зокиров, ки, бешак, яке аз офаридаҳои дидании солҳои охир мебошад, дар худ тамоми дастоварду камбудиҳои соҳаро таҷассум намудааст. Қатъи назар аз баъзе камбудиҳои ҷойдоштаи ҷузъӣ, умед аст, ки филм ба тамошогарон писанд  афтода, дар такомули маънавии ҷомеа саҳм мегирад.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2017    №: 256    Мутолиа карданд: 265

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед